расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Абдулло Раҳнамо дар Иттифоқи нависандагон мансаб гирифт

. / Ҷомеа

Абдулло Раҳнамо дар Иттифоқи нависандагон мансаб гирифт

Ӯ ба ҷойи Атто Ҳамдам дар ин созмон мудири шуъба таъин шудааст.

Сурат: аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, сардори пешини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мансаби нав гирифтааст. Ӯ ба "Азия-Плюс" гуфт умедвора аст, битавонад дар ин созмон мисли шахсиятҳои хушноме, ки замоне дар ин ҷо кор кардаанд, хидмат кунад. 
Абдулло Раҳнамо баъди Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон мудири шуъбаи робитаҳои адабии хориҷии ин созмон таъин шудааст. Анҷумани XV-и ин созмон  23-юми декабр дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он Низом Қосим барои 5 соли дигар раиси он боқӣ монд. Абдуллоҳ Раҳнамо, ки то ин вақт мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ буд дар ин мақом ба ҷойи нависанда Ато Ҳамдам омадааст, ки дувумӣ акнун масъулияти мудирии шуъбаи драматургияро ба дӯш гирифтааст.
Раҳнамо ҳамчунин дар Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон ба узвияти Раёсати ин созмони эҷодӣ пазируфта шудааст. Абдулло Раҳнамо муаллифи ду маҷмӯаи шеър низ ҳаст ва соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда буд.
Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиноси сиёсӣ ва масоили дину давлат аст, ки бо таҳлилҳо ва мавзеъгириҳои сиёсияш дар расонаҳо яке аз чеҳраҳои пурбаҳс шинохта мешавад. Ӯ соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор зода шудааст ва риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан дар Эрон дар риштаи улуми сиёсӣ таҳсил карда, баъди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба унвони ёвари муовини Сарвазири Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин солҳои зиёде дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.
Раҳнамо муаллифи китобҳое чун "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ", “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон", "Ислом ва амнияти миллӣ", "Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ" мебошад ва дар чанде аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ҳам дар ин заминаҳо суханронӣ кардааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.