Шинос шавед: Искандар Дилшодович Назаров!

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ —2016 дар Бразилия сеюм бор падар шуд. Фарзанди сеюми ӯ, ки писар мебошад, 4 декабр дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе чашм ба дунё кушод.
Дилшод Назаров гуфт, ки ба писари дуюмаш Искандар ном гузоштааст. Писари калонии ӯ Далер 14-сола ва духтараш Амина 13-сола мебошанд. Дилшод гуфт, ки вазни тифли навзод 3 килову 750 грамм ва қадаш 52 сантиметр мебошад ва кӯдак солим ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Дилшод Назаров, навзод ва модараш ҳоло баъди рухсат шудан аз бемористон, ба манзили зисташон оварда шудаанд.
Ҳамсари Дилшод Назаров — Нигина Назарова дар мактаби миёнаи рақами 9-и шаҳри Душанбе ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Модараш Зайтуна Назарова мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук мебошад. Падараш Ҷамолиддин Назаров соли 1996 дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон дар Тавилдара, ба ҳалокат расидааст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон