расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ МОЛДОВА БА МАРОСИМИ АДОИ САВГАНДАШ ПИЁДА ОМАД (ВИДЕО)

. / Ҷаҳон

ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ МОЛДОВА БА МАРОСИМИ АДОИ САВГАНДАШ ПИЁДА ОМАД (ВИДЕО)

Рӯзи 24 декабр дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова маросими адои савганди президенти нави ин кишвар Майя Санду доир шуд. Хонум Санду ба ин маросим бидуни кортеж (корвони мошинҳо) ва роҳбандон пои пиёда омад. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки ӯ аз кӯча пиёда меравад, баробари дигарон вақти сурх шудани чароғаки раҳнамо мунтазир меистад ва мардум барои чунин намоиши чунин камоли хоксорӣ барояш қарсак мезананд. Майя Санду ҳамин тавр, баъди адои савганд низ Қасри ҷумҳуриро бидуни кортеж тарк кард.
Майя Санду аввалин зан аст, ки ба мақоми президенти Молдова расид. Ӯ дар даври дуюми интихобот бо касби 57 фоизи овозҳо бар президенти амалкунанда Игор Додон ғолиб омад. Игор Додон ҳангоми ба Майя Санду супурдани салоҳиятҳои президент ба ӯ як даста гули зард туҳфа кард ва хотирнишон кард, ки ба дӯшаш афтодани масъулияти бузургро дарк кунад.
Игор Додон сиёсатмадори ошкоро тарафдори Русия буд. Майя Санду баракс тарафдори рӯ ба Аврупо овардани Молдова аст. Ӯ алакай хостори аз минтақаи Приднестровйе, ки аз аввали солҳои 90 таҳти назорати ҷудоиталабони рӯ ба Русия қарор дорад, баровардани нирӯҳои Русияро талаб кардааст. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ин изҳороти Сандуро «бемасъулиятона» унвон кард.
Майя Санду дар интихобот бо ваъдаи хидмат ба манфиати мардум ва решакан кардани коррупсия пирӯз шуд.
Ӯ 48 сол дошта, соли 1994 риштаи менеҷменти Академияи таҳсилоти иқтисодии Молдова ва соли 1998 риштаи равобити байналмилалии магистратураи Академияи идоракунии давлатии президенти Молдоваро хатм карда ва соли 2010 магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии ба номи Ҷон Кеннедиро дар Кембриҷи Амрико ба поён овардааст.
Майя Санду қаблан вакили парлумони Молдова ва соли 2019 як муддати кӯтоҳи сарзамини ин кишвари Шӯравии собиқ буд. Ӯ дар Кишинёв як манзили дуҳуҷрагии масоҳаташ 74 метри мураббаъ ва як мошини тамғаи Toyota RAV 4, сохти соли 2007 дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.