расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷаримаи 50 кас дар Суғд барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ

Асосӣ / Ҷомеа

Ҷаримаи 50 кас дар Суғд барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ


Акс аз бойгонӣ

Дар маркази вилояти Суғд панҷоҳ касро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла надоштани ниқоби тиббӣ, ҷарима кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд рӯзи 29-уми август хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод дар пайи як амалиёти намояндагони давлат дар бозору марказҳои дилхушӣ ҷарима шудаанд: "Маълум гардид, то ҳол аксари фурӯшандагон ва харидорон қоидаҳои оддии беҳдоштиро риоя намекунанд. Шаҳрвандон озодона бидуни ниқоб хариду фурӯш менамоянд."
Бино ба тағйироте, ки порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ ворид кард ва баъдан онро Маҷлиси Миллӣ пазируфту раиси ҷумҳур имзо гузошт, сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд.
Паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабсро дар пай дорад.
Бархе аз сокинон ҳамвора гуфтаанд, ки нархи ниқоби тиббӣ гарон аст ва ҳар рӯз наметавонанд онро иваз кунанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 28-уми август бо нашри баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки дар умум аз рӯзи 30-юми апрел коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8481 нафар сироят кардааст, вале тақрибан 86 дар сади онҳо, ё 7276 кас аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд. Талафот аз COVID-19, ба гуфтаи мақомот, 68 нафарро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.