Вазири нави меҳнат ба мардикорбозори занонаи Хатлон рафт
Ин бозор сару садоҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ андохта аст.
Сурат: facebook.com/shirin.amonovaШирин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ба дидани заноне рафтааст, ки дар як мардикорбозори вижа дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рӯзона ба дунболи ҷустуҷӯйи коранд.
Ширин Амонзода бо гузоштани ин аксҳо навиштааст, ки "Рӯзе дар "мардикорбозор" миёни занон- корҷӯён...танҳо вақтро метавон довар гирифт...". Вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шарҳ надодааст, ки ба занҳо чӣ гуфтаасту барои кор ёфтани онҳо чӣ тарҳе дорад. Ҳамчунин ӯ нагуфтааст, ки ишораи "танҳо вақтро метавон довар гирифт" ба чӣ замоне далолат мекунад.
Мардикорбозори занонаи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз замоне, ки расонаӣ шуд сарусадоҳои зиёдеро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дошт. Дар ин бора филми мустанад ва матолиби зиёдеро расонаҳо нашр карданд, ки ҳукумати маҳаллӣ ҳам ба он таваҷҷуҳ кард. Ҳарчанд аз замони расонаӣ шудани ин мавзуъ мақомҳои маҳаллӣ мегуфтанд, ки барои ин занҳо ҷойи кор меёбанд, аммо нашри аксҳои бозор аз сӯйи вазири меҳнат нишон медиҳад, ки ин бозор мисли пешин то кунун фаъол аст.
Ширин Амонзода, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъини ӯ ба мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон истиқболи гарм шуда буд, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикитон ва таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ озодона суҳбат мекуад. Чанд сол пеш то омадан ба Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мақомҳои гуногуне кор кардааст.