Дастаи “Сипар”-и Хуҷанд тими “Соро компания”-и Душанберо бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб карда, ба Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020 соҳиб шуд.

Тавре ФФТ хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ бозингари дастаи “Сипар” Собирҷон Гулаков 3 тӯбро вориди дарвозаи ҳарифон намуда, дар пирӯзии дастааш саҳми арзанда гузошт.

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020 рӯзи 25 июл дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе доир гардида, бе ҳузури тамошобинон баргузор шуд.

Нахуст баргузории ин вохӯрӣ рӯзи 18 июл таъин гардида, лекин бо сабабҳои техникӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд.