расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ИМА барои хариди мушакҳои русии С-400 нисбати Туркия таҳрим ҷорӣ кард

. / Ҷаҳон

ИМА барои хариди мушакҳои русии С-400 нисбати Туркия таҳрим ҷорӣ кард

Акс аз бойгонӣ

ИМА нисбати мақомоти мудофиаи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба вазорати молияи ИМА хабар доданд.
Ба ин тартиб, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Туркияро барои хариди мушакҳои русии С-400 "ҷазо" диҳад.
Тадбирҳои Вашингтон зидди Анкара, бино ба ҳисобҳои ИМА, бояд ба иқтисоди Туркия зиён расонанд. Ба навиштаи расонаҳо, мушкилоти иқтисодии дар пайи вабои коронавирус ба миён омада, алакай рушди иқтисоди Туркия коҳиш додаанд.
Ҳанӯз миёнаҳои соли гузашта мақомоти ИМА гуфта буданд, ки харидории низоми мушакии С-400 аз сӯи Туркия барои ҳавопаймоҳои F-35-и амрикоӣ хатар эҷод мекунанд, зеро мушакҳои С-400 бо ҳавопаймоҳои F-35 мухолифат доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.