Бахшида ба Рӯзи олимпӣ собиқадорон ва варзишгарони тоҷик бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд

Дирӯз ба ифтихори Рӯзи олимпӣ як қатор собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони маъруфи кишвар аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар маросими туҳфасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат ва ҳозиринро таҳният гуфтанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ варзиш яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон таваҷҷуҳи махсус доранд. Маҳз бо ҳидояту дастгирии Пешвои миллат ҳар сол чорабиниҳои Дави миллӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо дар сатҳи баланд баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи олимпӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, семинару конфронс ва суҳбату мулоқотҳо таҷлил мешуд, вале имсол бо сабаби пандемияи COVID-19 ва қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус аз доир кардани чорабиниҳои тантанавӣ худдорӣ карда шуд. Умуман, ин беморӣ ба соҳаи варзиши ҷаҳон таъсисри манфӣ расонд ва Бозиҳои олимпии Токио аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронида шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки ҷомеи ҷаҳонӣ дар наздиктарин фурсат бар ин беморӣ пирӯз мегардад ва варзишгарон ба тамрин машғул шуда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош мекунанд. Ба онҳо барои ноил шудан ба ин ҳадафашон муваффақият таманно карда шуд. Сипас, ба 50 нафар собиқадорони соҳа ва варзишгарони маъруфи кишвар туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.

   

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон