Президенти Федератсияи дзюдо замони аз сар гирифтани мусобиқаҳоро эълон кард

Мастер восточных единоборств в стойке

Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер моҳи сентябрро замони аз сар гирифтани мусобиқаҳо гуфт

 Федератсияи байналмилалии дзюдо умедвор аст, ки силсиламусобиқоти ҷаҳонӣ, ки бо сабаби бемории дунёгири COVID-19 муваққатан боз дошта буд, моҳи сентябр аз нав шурӯъ шавад, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Аз Порис ба Олмон: иштироки 11 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо

Дар номае, ки ба ҳамаи федератсияҳои миллӣ фиристода шудааст, президенти федератсия Мариус Визер моҳи сентябрро таърихи эҳтимолии шурӯи мусобиқаҳо гуфтааст, вале таъкид кардааст, ки боз ҳам ба вазъи тандурустии ҷаҳон вобаста мебошад.

"Мо умедворем, ки дар тирамоҳ бӯҳрон дар соҳаи тандурустии ҷаҳон дигар монеи кор ва парвози ҳавопаймоҳо нахоҳад шуд", - изҳор доштааст Мариус Визер.

Зимнан, Визер таъкид намудааст Федератсияи байналмилалии дзюдо нақша дорад мусобиқаҳоеро доир намояд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ барои ҳамаи иштирокчиён дастрас бошад.

Ёдовар мешавем, ки маризии сироятии коронавирус дар соҳаи варзиш низ дигаргуниҳои куллӣ ба миён овард. Паҳншавии вирус боис шуд, ки бори аввал дар таърих Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба таъхир афтанд.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон