Шаббос Неъматуллоев: "Ба Олимпиада дар хона омодагӣ мегирам."


Шаббос Неъматуллоев
Шаббос Неъматуллоев

Шаббос Неъматуллоев, муштзани маъруф, ки ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтааст, айни ҳол ба иллати хуруҷи бемории коронавирус мисли дигар варзишгарони тоҷик тамринҳои худро дар муҳити хона анҷом медиҳад.

Шаббос, ки дар риштаи бокс дар вазни то 81 кило соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио гардидааст, рӯзи 25-уми май дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман бо падару модар, ҳамсар ва хоҳарам дар як ҳавлӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунем. Худоро шукр, ки ҳамаамон сиҳату саломат ҳастем. Дар чунин вазъи мушкил машқҳои ман дар ҳавлӣ бо риояи дастурҳои беҳдоштӣ бо раҳбарии падарам Аббос Неъматуллоев, ки мураббиям мебошад, ҷараён дорад."

Радиои Озодӣ: Оё дар ҳавлиатон барои тамрин шароит муҳайёст, таҷҳизоти варзишӣ барои бокс мавҷуд ҳаст?

Шаббос Неъматуллоев: Шароити оддӣ ҳаст. Баъзе аз таҷҳизот барои машқҳо мавҷуд аст. Ман аслан барои нигоҳ доштани ҳолати варзишиам кӯшиш мекунам ва бо машқҳои тарбияти бадан машғул мешавам.

Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз машқ шумо дар ин рӯзҳо боз бо кадом корҳо машғул мешавед?

Шаббос Неъматуллоев: Ман, ки соли гузашта Донишгоҳи теникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро хатм кардаам, дизайнер ё тарроҳи меъмориро касб намудаам. Аз ин рӯ, кашидани лоиҳаҳоро дӯст медорам ва ҳамарӯза бо ин пешаи интихобкардаам машғул мешавам. Аз ин кор хеле лаззат мебарам. Инчунин вақти зиёдро ба мутолиаи китобҳо сарф мекунам. Баъзан бо ниқоб ба кӯча ҳам мебароям ва дар боғоти шаҳр дар ҳавои кушод сайругашт менамоям. Зимнан, баъзеҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб мегарданд, ки ин боиси ташвиш аст. Аз чунин шахсон хоҳиш дорам, ки дар чунин вазъи душвор дастурҳои тандурустиро риоя кунанд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Радиои Озодӣ: Шумо бо хешовандону дӯстон ва ҳамкасбонатон чӣ гуна дар тамос мешавед?

Шаббос Неъматуллоев: Ҳаррӯз бо онҳо тавассути телефон, инчунин интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос мешавам.

Радиои Озодӣ: Ба таъхир гузоштани Олимпиадаи Токио ба омодагии шумо чӣ гуна таъсир мерасонад?

Шаббос Неъматуллоев: То оғози Олимпиадаи Токио бештар аз як соли дигар аст, бинобар ин, дар ин муддат имкон дорам ба Бозиҳо хубтар омодагӣ бигирам. Ҳоло қариб дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои варзишӣ қатъ шудаанд. Варзишгарон машқҳо мегузаронанд, аммо бе рақобат. Дар робита ба ин, нигоҳ доштани омодагии варзишӣ мушкил аст. Вале бо вуҷуди ин, мо кори худро идома медиҳем. Ман ба ояндаи нек умед дорам ва умедворам, ки ба зудӣ ин вазъияти душвор беҳтар хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Дар Олимпиада рақибони шумо аз кадом кишварҳо мебошанд?

Шаббос Неъматуллоев: Дар Олимпиада рақибони мо варзишгарони касбӣ хоҳанд буд ва мо бояд ҳаматарафа омода шавем. Дар вазни ман то ҳоло аз Қазоқистон, Австралия, Урдун, баъзе аз кишварҳои Африқо, Уқёнус ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтаанд. Вале мусобиқоти интихобии олимпӣ, ки ба таъхир гузошта шудаанд, боз муштзанҳои кишварҳои қораҳои дигарро маълум хоҳанд кард.

Радиои Озодӣ: Шумо дар Олимпиадаи Токио чӣ мақсад доред?

Шаббос Неъматуллоев: Мақсад дорам, ки дар Олимпиада медали тилло ба даст биёрам. Албатта, ин кори осон нест. Аммо умедворам, ки ба туфайли дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи бокси Тоҷикистон ва сарпарастон муваффақ хоҳем шуд. Ба ман стипендияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳе ба маблағи 350 доллар дода мешавад, ки ин барои иштирок дар мусобиқаҳо масраф мегардад.

Радиои Озодӣ: Шаббос, шумо дар чанд соли ахир ба натиҷаҳои баланд, минҷумла қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯён, мушарраф шудаед. Дар варзиш бе кӯмаки сарпарастон ба муваффақият умед бастан мушкил аст. Лутфан, бигӯед, кӣ ба шумо кӯмак мекунад?

Шаббос Неъматуллоев: Ба ман, ки аз 11-солагиам ба бокс машғулам, раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон кӯмак мерасонад. Маҳз бо ёрдами ин марди саховатпеша ман дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои баланд ба даст овардаам. Аз ӯ хеле миннатдорам. Мо дар толори бокси варзишгоҳи "Локомотив" машқ мекунем, ки бароямон тамоми шароитҳо муҳайёст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон