Томас Бах гуфт, эҳтимол Бозиҳои олимпӣ дар Токио пурра лағв шавад

Томас Бах
Томас Бах

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах гуфт, вай дарк мекунад, ки чаро Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио бояд лағв шаванд, агар доир кардани онҳо дар соли 2021 муяссар нагардад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва кумитаи тадорукоти Бозиҳои Токио дар охири моҳи март эълон карданд, ки Олимпиадаи тобистона ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта мешавад. Бозиҳо бояд аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор шаванд.

Йоширо Мори, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио- 2020”, гуфт, ки агар соли оянда пандемияи коронавирус таҳти назорат гирифта нашавад, Бозиҳо лағв мегарданд. Бах гуфт, ки сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба ӯ фаҳмондааст, ки баргузории Бозиҳо дар тобистони соли 2021 "охирин интихоб" хоҳад буд.

"Рости гап, ман инро дарк мекунам, зеро шумо наметавонед 3 ё 5 ҳазор нафарро ба кумитаи тадорукот ба таври доимӣ киро кунед. Шумо ҳар сол дар ҳамаи федератсияҳои асосӣ дар тамоми ҷаҳон тақвими мусобиқотро иваз карда наметавонед. Варзишгарон дар вазъияти номуайян қарор гирифта наметавонанд. Шумо бо бозиҳои ояндаи олимпӣ наметавонед бисёр чизҳои умумӣ дошта бошед, бинобар ин ман чунин муносибати шарикони ҷопониамро мефаҳмам", - гуфтаи Бахро ВВС иқтибос меорад.

"Мо бояд ба сенарияҳои мухталифе, ки барои ташкили Бозиҳо заруранд, омода бошем. Ин ба чораҳои беҳдоштӣ дахл дорад. Мумкин аст барои варзишгарон, барои бархе аз варзишгарон ва дигар иштироккунандагони Бозиҳо карантин талаб карда шавад", - гуфт Бах.

Ҳамзамон, роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, ки намехоҳад Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар Токио бидуни тамошобинон баргузор кунад.

"Ин (Бозиҳо бидуни тамошобинон) он чизе, ки мо мехоҳем, нест. Азбаски рӯҳи олимпӣ аз ваҳдати мухлисон иборат аст, маҳз ҳамин чиз Бозиҳоро беназир мекунад, мухлисони тамоми ҷаҳон дар варзишгоҳи олимпӣ ҷамъ меоянд", - илова кард ӯ.

Бах чунин мешуморад, ки хароҷоти ташкили Бозиҳо бояд кам карда шавад. "Агар мо дар ин бӯҳрон ягон чиз омӯхта бошем, пас он бояд ба чизҳои ниёзи аввалия нигаронида шавад ва на ба он чизҳое, ки хушоянд ҳастанд. Аз ин рӯ, принсипи мутамарказӣ бояд ба зарурат дар ташкили ин Бозиҳо инъикос шавад", - гуфт Бах.

Ёдовар мешавем, ки то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон