Эҳтимоли рақобати сеюми Тайсон ва Ҳолифилд дар Арабистони Саудӣ

Майк Тайсон бо раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров
Майк Тайсон бо раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров

Қаблан ду муштзани маъруфи ҷаҳон дар вазни сангинтарин аз бозгашти эҳтимолиашон ба майдони набард хабар дода буданд. Ҳамакнун маълум шуд, ки Эвандер Ҳолифилд ва Майк Тайсон, ҳарду муштзанҳои ҳирфаии амрикоӣ, дар хусуси баргузории муҳориба гуфтугзор доранд.

Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори маъруфи бокс - Майк Тайсон ва Эвандер Ҳолифилд - дақиқ шудааст. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду муштзани машҳур имкон дорад рӯзи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад.

Муштзани афсонавӣ Майк Тайсон дар бораи пешниҳод роҷеъ ба муҳорибаи сеюм бо ситораи дигари варзиш - Эвандер Ҳолифилд сухан гуфт. Гуфтаҳои "Майки оҳанин" -ро TMZ иқтибос меорад.

Майк Тайсон гуфтааст, "агар мубориза хайриявӣ мебуд, ҳайратангез мешуд. Танҳо моро дар ринг тасаввур кунед. Ман ҳолати хуб дорам ва худро олӣ ҳис мекунам."

Майк инчунин илова намудааст, ки ӯ кӯшиш мекунад корҳои хуб анҷом диҳад ва маблағе, ки аз муборизаи эҳтимолӣ бо Ҳолифилд ба даст хоҳад овард, метавонад ба бисёр одамони ниёзманд кӯмак кунад.

Тайсон ва Ҳолифилд дар ринг ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Соли 1996 Эвандер дар даври 11-уми рақобат бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб омад. Соли 1997 низ ӯ бори дигар ғолиб омад, вале ба иллати хориҷ шудани рақибаш, ки пораи гӯшашро газида буд.

Ҳолифилди 57-сола дар тӯли карйераи худ 57 қувваозмоӣ гузаронидааст. Ӯ 44 ғалаба ба даст оварда, 10 маротиба мағлуб шудааст ва ду бозиро мусовӣ кардааст, як набард бо иштироки Эвандер беэътибор дониста шуд.

Амрикоӣ ягона қаҳрамони 4-каратаи ҷаҳон дар вазни сангинтарин дар таърихи бокси ҳирфаӣ шудааст. Қабл аз ин, Ҳолифилд қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни аввали сангин буд.

Майк Тайсони 53-сола дар замони худ аз ҳама муштзани маошаш баландтарини бокс дар таърих буд. Дар тӯли карйераи касбии худ Майк Тайсон 58 мубориза карда, 50 ғалаба ба даст овардааст ва шаш маротиба мағлуб шудааст, ду задухӯрди дигар бо иштироки ӯ беэътибор дониста шуд.

Аз 50 ғалаба “Майки оҳанин” дар 44-тоаш бо нокаут пирӯз гаштааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон