Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ равобитро тақвият медиҳанд


Президенти КБО Томас Бах ва мудири кулли СҶТ Тедрос Адан Гебрейюс
Президенти КБО Томас Бах ва мудири кулли СҶТ Тедрос Адан Гебрейюс

Дар давраи пандемияи COVID-19, ки ба зиндагии одамон дар тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) саъю кӯшиши худро барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фаъолиятҳои беруна, ҳамчун як василаи таблиғи солимӣ дар саросари ҷаҳон вусъат медиҳанд.

Тавассути Созишномаи нави ҳамкорӣ, ки дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Женева ба имзо расидааст, КБО ва СҶТ ҷонибдории муштараки худро дар рушди ҷомеаи солим тавассути варзиш мувофиқи Ҳадафи 3 СММ оид ба рушди устувор ("Саломатӣ ва беҳбудӣ ”) ва мусоидат ба пешгирии бемориҳои сироятшаванда (NCDs) нишон медиҳанд,

"Тайи чанд моҳи ахири буҳрони кунунӣ, мо ҳама дидем, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои солимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ чӣ қадар муҳиманд. Варзиш метавонад ҳаётро наҷот диҳад", - гуфт президенти КБО Томас Бах.

"Мо тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи пас аз коронавирус истифода хоҳем бурд, ки дар он ҷо соҳаи тандурустӣ дар сиёсати давлатӣ нақши назаррас хоҳад дошт. Мо интизори ҳамкорӣ бо СҶТ ҳастем. КБО аз ҳукуматҳои ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки варзишро ба барномаҳои дастгирии бӯҳронӣ дар робита бо нақши муҳими варзиш дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дохил намоянд ", - иброздошт президенти КБО.

Бах афзуд, "мо хурсандем ва миннатдорем, ки ҳангоми омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар муҳити бехатар барои ҳамаи иштироккунандагон, минбаъд низ ба маслиҳатҳои пурарзиши СҶТ такя карда метавонем."

"Ман хушҳолам, ки ин ҳамкориҳои деринаи худро бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақвият бахшам", - гуфт мудири кулли СҶТ Тедрос Адан Гебрейюс. - СҶТ на танҳо дар мубориза бар зидди беморӣ, балки барои кӯмак ба одамон дар роҳи солим фаъолият мекунад ва ин ҳамкорӣ маҳз ҳамин чизро талқин менамояд. Машқҳои ҷисмонӣ яке аз калидҳои саломатӣ ва некӯаҳволӣ мебошад.”

СҶТ дар мубодилаи машваратҳои техникӣ бо КБО дар мубоҳисаҳое, ки ба мавқуф гузоштани Бозиҳои олимпии Токио-2020 оварда расониданд, нақши муҳим бозид ва тавсияҳоро дар баробари он ки дониш ва фаҳмиши иловагӣ оид ба COVID-19 ҷамъоварӣ мекунад, идома медиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон