расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба даъват ба сафи артиш

. / Сиёсат

Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба даъват ба сафи артиш


Вобаста ба даъвати навбатии (баҳории)  ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ қарори Раис  шаҳри Душанбе  баромад,ки матни пурраи он инҷост:

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №629 АЗ 08.12.2020
08 Декабри 2020, Сешанбе
Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2021
Бо мақсади муташаккилона баргузор намудани мавсими даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва татбиқи Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №621 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»,
ҚАРОР  МЕКУНАМ:
 Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2021 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
  1. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.
  2. Раисони ноҳияҳои шахри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:
— омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд;
— ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 10 марти соли 2021 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
— тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд;
— барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд;
— бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони маҳаллаҳо вазифадор карда шаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ, руйхати аниқи ҷавонони сину соли даъватиро дар муҳлатҳои кутоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд;
— муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  • Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шахри Душанбе, Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Пайёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
  • Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. гузошта шавад.
                                                                                             Рустами  Эмомалӣ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.