Баргузории 32-юм Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 дар назар аст.

Ин тасмим пас аз конфронси видеоии президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах бо президенти Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” ва Ҳукумати Ҷопон гирифта шуд.

Як ҳафта қабл Бозиҳои олимпии Токио бо қарори Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Ҳукумати Ҷопон аз сабаби авҷ гирифтани коронавирус ба вақти дигар, аммо на дертар аз тобистони соли 2021 ба таъхир афтод.

Бозиҳои паралимпӣ аз 24-уми август то 5-уми сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шуд.

Таҷрибаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпӣ дар таърих бори аввал аст ва ин тасмимро федератсияҳои байнулмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ дастгирӣ карданд.

Аз рӯйи нақшаи аввалия, бозиҳо бояд имсол аз 24-уми июл то 9-уми август баргузор мешуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, акнун дар тақвими варзиши ҷаҳон тағйирот ба амал хоҳад омад. Аз ҷумла, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2021 ба соли 2022 гузаронида хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ Варзиши сабуки ҷаҳониро зарур меояд, соли 2023 низ чемпионати ҷаҳон гузаронад ва соли 2024 боз дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2021, ки моҳи августи соли оянда ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида мешавад.