Аббос Неъматуллоев: "Роҳхати олимпӣ гирифтем, аммо то ба ҳол қадрдонӣ нашудем".


Аббос Неъматуллоев, мураббии варзидаи бокс.
Аббос Неъматуллоев, мураббии варзидаи бокс.

Чунонки маълум аст, Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ба иллати пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузаронида шуданд. Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо гирифта шудааст.

Мавқуф гузоштани Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ба як сол дар ҷомеаи варзишӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Мураббии варзидаи бокс Аббос Неъматуллоев, ки шогирд ва писараш Шаббос Неъматуллоев, муштзани маъруфи тоҷик, дар вазни то 81 кило соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио гардидааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба масъала суҳбат кард ва ба суолҳои дигар низ посух дод.

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Неъматуллоев дар бораи ба соли 2021 гузаронидани Олимпиадаи Токио-2020 чӣ назар доред?

Аббос Неъматуллоев: Ин ташаббуси ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ, инчунин тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба фикри ман, дуруст аст. Ҳоло дар ҷаҳон хатари ҷиддӣ коронавирус аст. Бинобар ин, чунин тасмим барои он гирифта шуд, ки паҳншавии вирус дар тамоми ҷаҳон пешгирӣ карда шавад. Пеш аз ҳама, ин барои бехатарии варзишгарон, иштиркунандагон, сайёҳон аст. Ман ба таъхир гузоштани Бозиҳоро ҷонибдорӣ мекунам.

Шаббос Неъматуллоев яке аз ду варзишгари тоҷик мебошад, ки ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтааст.
Шаббос Неъматуллоев яке аз ду варзишгари тоҷик мебошад, ки ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтааст.


Радиои Озодӣ: Ба таъхир гузоштани Бозиҳо ба омодагии варзишгарон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Аббос Неъматуллоев: Ба таъхир гузоштани Олимпиада ба варзишгарон таъсири мусбат мерасонад, зеро ки дар ин муддат имкон пайдо мешавад, ки ба Бозиҳо хубтар омодагӣ бигиранд. Ҳоло қариб дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои варзишӣ қатъ карда шудаанд. Варзишгарон машқҳо мегузаронанд, аммо бе рақобат. Дар робита ба ин, нигоҳ доштани омодагии варзишӣ хеле мушкил аст. Бо вуҷуди ин, мо кори худро идома медиҳем. Ман боварӣ дорам, ки ба зудӣ ин вазъияти душвор беҳтар хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун ба Олимпиада чӣ тавр омодагӣ мегиред? Нақшаҳоятон чӣ гуна аст?

Аббос Неъматуллоев: Муҳим аст, ки мо солро бо руҳияи мусбат ба итмом расонем. Дар Олимпиада рақибони мо варзишгарони касбӣ хоҳанд буд ва дар ин асос, мо бояд ҳаматарафа омода шавем, аз таҷҳизоти варзишӣ сар карда, то натиҷаҳоямон. Умедворам, ки ба туфайли дастгирии давлат ва роҳбарияти федератсия мо ба муваффақиятҳои бузург ноил хоҳем шуд. Вале ҳоло мушкилоти зиёд дорем. Ба шогирдам Шаббос моҳе ба маблағи 350 доллар стипендия дода мешавад, ки ин барои омодагии ҳамаҷониба хеле кам аст. Мо кӯшиш мекунем, ки маблағ пайдо кунем ва дар мусобиқаҳо иштирок намоем.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон