Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шоҳҷоиза-се мошини сабукравро сазовор гардиданд

 Бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба  ифтихори  таҷлили ҷашни ниёгон-Наврӯзи  хуҷастапай  мусобиқаи гӯштини миллӣ  бо доираи васеи паҳлавонон ва мухлисони сершумори ин варзиши суннатӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Мусобиқаи мазкур дар варзишгоҳи марказии ноҳияи мазкур  доир гардида, паҳлавонони шинохтаи мамлакатро,  аз  ҷумла  Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Эмомризо Қурбонзода ва дигаронро ба ҳам овард. Ғолибон мусобиқа бо шоҳҷоизаҳои он — се мошини сабукрав сазовор гардиданд.

Дар ин бора  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Марҳилаи аввали чорабинӣ бо қувваозмоии паҳлавонони сабуквазн  оғоз  ёфт.  Сипас рақобат миён паҳлавонони маъруф идома ёфта, онҳо дар майдон ҳунару маҳорати шоистаи таҳсин нишон доданд.

Ҳамин тариқ дар вазни 60 кг барои дарёфти шоҳҷоизаи аввал бародарон — Муҳаммадризо Қувватов ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов қувва санҷиданд.  Дар ин рақобати ҷолиб Муҳаммадризо ғолиб гардид.

Дар вохӯрии ниҳоии вазни 70 кг бошад, боз ҳам ду бародар -Ҳусейн Исоқов ва Ҳасан Исоқов вориди майдони шуданд. Дар ин сабкат Ҳасан Исоқов  ғолиб  омад.

Барои дарёфти шоҳҷозаи дигар дар вазни 90 кг Эмомризо Қурбонзода бо Ҳақназар Назаров рақобат намуд.  Дар ин  қувваозмоӣ ғолибият насиби Ҳақназар Назаров гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар ду рақобати ҷолиби дигар  Фирдавс  Насимов бар  Хуршед Маҷидов ва Шакармамад Мирмамадов бар Давлат Назриев дастболо шуданд. Ҳамин тариқ мусобиқаи мазкур  хотирмон анҷом ёфт.

Ёдовар  мешавем,ки  мусобиқаҳои гӯштини миллӣ бахшида ба иди Наврӯзи  байналмилалӣ дар дигар минтақаҳои мамлакат бо шукуҳӯ шаҳомати хосса идома доранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон