Олимпиадаи Токио ба далели коронавирус як сол ба таъхир афтод

Токио, Ҷопон.
Токио, Ҷопон.

Бозиҳои олимпии Токио, ки мебоист тобистони соли ҷорӣ баргузор шаванд, ба соли 2021 гузошта шуданд. Сабаби ин таъхир паҳншавии вируси корона унвон шуд.

Дар бораи ба таъхир афтодани бозиҳо Кумитаи байналхалқии олимпӣ ва Кумитаи ташаббускори бозиҳо дар Токио хабар доданд.

Дар хабари ин ду ниҳод омадааст, ки сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ва президенти Кумитаи байналхалқии олимпӣ Томас Бах тасмими таъхири бозиҳоро гирифтаанд. Аммо бозиҳои олимпии Токио номи қаблӣ - Бозиҳои олимпӣ ва паролимпии Токио 2020-ро ҳифз хоҳанд кард.

Пештар аз ин гуфта мешуд, ки Бозиҳои олимпӣ аз 24 июл то 9 августи соли ҷорӣ баргузор хоҳанд шуд. Аммо кумитаҳои варзиши чанде аз кишварҳо аз Кумитаи байналхалқии олимпӣ дархост карданд, ки бозиҳо ба таъхир гузошта шаванд.

То ин замон мусобиқаи футболи Аврупо ва мусобиқаи ҷаҳонии хоккей ҳам ба далели паҳншавии вируси корона ба таъхир гузошта шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон