расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Боз як намояндаи ҲХДТ пеш аз муҳлат парлумонро тарк кард

. / Сиёсат

Боз як намояндаи ҲХДТ пеш аз муҳлат парлумонро тарк кард

Ӯ вакили сеюмин аст, ки пеш аз муҳлат ваколатҳои худро месупорад.

Сурат: nm.tj
Ӯ вакили сеюм аст, ки пеш аз муҳлат парлумони Тоҷикистонро баъди интихоботи дар моҳи март доиргардида тарк кард.
Роҳбари Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода дар робита ба таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳои худро дар парлумон супурд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки бо сабаби ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, вакил аз ҲХДТ Ҳоким Холиқзода низ ҳайати парлумонро тарк кард. Нимаи моҳи ноябр бо фармони президент ӯ раиси Бонки миллӣ таъин шуд.
Ҳоким Холиқзода аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд.
Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафарзода аввали моҳи октябр намояндаи домии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, бо ин сабаб мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, ваколатҳои намояндаи мардумӣ дар парлумонро супурд.
Сафарзода соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Вахш вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.