Эҳтимоли ба таъхир афтодани Бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо

Бархе аз бозиҳои футбол дар Аврупо бидуни ширкати мухлисон баргузор шуданд.
Бархе аз бозиҳои футбол дар Аврупо бидуни ширкати мухлисон баргузор шуданд.

Эҳтимол меравад, Бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо ба иллати паҳни коронавирус дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба соли 2021 гузошта шавад. Ҳамчунин бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо дар соли равон пурра анҷом нашудаанд.

Дар ин бора нашрияи фаронсавии "L'Equipe" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст. Пештар раҳбарияти УЕФА гуфта буд, ки 17-уми март вазъро баррасӣ хоҳанд кард. Вале УЕФА хабари ба таъхир афтодани бозиҳои қаҳрамониро то ба соли 2021 шарҳ намедиҳад.

Дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Италия ва Фаронса аллакай бозиҳои футбол ба далели коронавирус манъ шудаанд. Дар ду футболбози итолиёӣ коронавирус ошкор шуда, дастаи футболи "Реал" (Мадрид) 14 рӯз ба карантин фиристода шудааст. Дар бархе аз кишварҳо бозиҳои футбол бидуни тамошобин баргузор мешаванд.

Бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо қарор аст, имсол дар 10 шаҳр, аз ҷумла Санкт-Петербург баргузор шавад. Дар ин бозиҳо 24 даста, аз ҷумла тими мунтахаби Русия иштирок хоҳад кард.

Лигаи миллии хоккейи Амрикои Шимолӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки ба иллати коронавирус мавсими 2019-2020 қатъ карда шуд. Пештар Лигаи футболи Амрико низ тасмими ҳамсони худро эълом кард. Бозиҳои қаҳрамонии бейсбол низ бекор карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон