расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вақти рафтани ту набуд, хоҳаракам… Нахустин зодрӯзи Мадинаи Карим бе худи Мадина

. / Ҷомеа

Вақти рафтани ту набуд, хоҳаракам… Нахустин зодрӯзи Мадинаи Карим бе худи Мадина



Мадинаи Карим, яке аз фаъолони Фейсбуки тоҷикӣ, агар умр вафояш мекард, рӯзи 30 ноябр ба синни 44 мерасид. Мадинаи Карим рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ аз бемории фарогире, ки имсол хеле аз шахсиятҳои шинохтаи мардуми тоҷикро гулчин карду бурд, ҷон бохт. Нахустин набераи Мадина ҳам вақте дида ба ҷаҳон кушод, ки бибии донишманду соҳибдилаш алакай аз дори ин дунё рафта буд. Мадинаи Карим, ки дар Хуҷанд зиндагӣ ва кор мекард, як нафари хеле хушмутолиа буд ва шеъри зиёдеро аз ёд медонист. Ӯ ҳамин тавр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд ва дар бораи масоили доғи Тоҷикистон ҷасурона ибрози назар мекард.

Rajab Mirzo

Ахиран хостаи дили Мадинаи Карим ро иҷро кардем. Ӯ бисёр мехост бо шавҳар ва фарзандонаш аз наздик ошноӣ бикунам. Дирӯз, як рӯз пеш аз мавлуди он раҳматӣ, ки дар Хуҷанд қарор доштам, бо ҷамъи дӯстон Фарзон Машарипов ва Qamar Ahror ба хонаашон рафтем. Ҳама буд, Мадина не. Ҷояш Биҳишт бод, омин!
Шавҳараш гуфт ҳамин рӯз ба сари турбаташ санг ҳам гузоштаанд. Бо фарзандонаш, Шукруллоҳ ва Абдуллоҷон хеле сӯҳбати самимӣ доштем. Тавлиди набераро, ки Бибиаш нодида рафт, табрик гуфтем….
Хотираҳои зиёде гуфта шуданд. Аз ҳама муҳимаш мо ба ҳам қавл додем, ки дӯстии мо абадист ва то замоне Худованд умрамон насиб гардонад, аз ҳоли ҳам бохабар хоҳем буд…
Ором бихоб Мадина! Равонат шод бод!

https://www.facebook.com/rajab.mirzo/posts/3456809687772592

 


Нусратулло Бобоев

ЗОДРӮЗЕ БЕ СОҲИБҶАШН

Фикр намекардам, ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки дар зодрӯзи Мадина рӯзе марсия хоҳам гуфт. Ҳарчанд медонам, ки аҷал бо одамӣ ҳамроҳ аст, аммо аз даст додани чунин Инсоне дар ҳама синну сол гарон аст.
Акнун чӣ гӯям? Зодрӯз муборак? Ё ҳазорҳо таманниёти дунёӣ?…
Мутаассифона, ба ҷойи ин ҳама ба арвоҳаш фотиҳае мебахшаму дуое мекунам ва “Ёдат ба хайру равонат шод” мегӯям:
Дӯсте, к-аз ҳарфи ман ҳаргиз намеранҷид, рафт,
Он, ки ҳар ҷурми маро бо лутф мебахшид, рафт.
Бетараф аз қисмати мардум набуд, дилсӯз буд,
Он, ки пушти ғайбати мардум намегардид, рафт.
Як зане буд хоксору аз фаришта поктар,
Модаре, к-аз тифлакони хеш меболид, рафт.
Дӯсте буд ӯ, ки дар садсолаҳо ояд яке,
Он ки дар ҳар одаме як дӯсте медид, рафт.
Бори охир чашм чун пӯшид, лабханде бизад,
Гӯиё чун барқ бар вазъи ҷаҳон хандид, рафт*
——————————–
* Мазмун аз Соиб, ки гуфта:
Вақти он кас хуш, ки чун барқ аз гиребони вуҷуд,
Сар бурун оварду бар вазъи ҷаҳон хандиду рафт.
30-11-2020

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=2278371832309396&id=100004098041746

Шарифҷон Тоҷибоев

НОМА БА ХОҲАРАКИ ФАҚИДАМ МАДИНАХОН!

Салом Мадинахон!
Имрӯз зодрӯзи Шумост.Зодрӯзе, ки воқеъан ҳар сол хоксорона бо ҷамъи дӯстони ҳамкор- Абдумавлон- ако, Олга Бутаевна, гоҳо устод Ғиёсов ва ё Оқилхоҷа таҷлил мекардем. Соли гузашта низ танҳо чор нафари ҳамешагӣ ба ҳам омада будем.Гули довудӣ(хризантема) – гули дӯстдоштаатонро ҳадя бурда будам.Шодиятон беинтиҳо буд. Аз хурсандию шодӣ мисли кӯдак қад-қад мепаридед. Воқеъан, дилатон мисли дили нинӣ пок, беолоиш, бериё, сода буд. Табассуми ба худатон зебанда аз симоятон дур намешуд…Аҷаб рӯзу рӯзгоре буд, мисли афсона ширин ва нозанин…
Баъди ин зодрӯз чандин бор дар коргоҳи мо ё ҷои кори Шумо рӯ ба рӯ шудем…
Охирин дидорбиниамонро аниқ дар хотир дорам, 6 ё 7-уми октябр буд.Он айём рӯзҳои бемории ман буд. Дарди сутунмӯҳра сахт азобам медод.Муолиҷа мегирифтам.Барои дору харидан каме пул лозим буд ва хостам аз кортам каме пул берун кашам.Бо ҳамин ният ба назди дастгоҳи худпардоз(Банкомат)-и “Амонатбонк” омадам…
Ҳамон рӯз ҳаво нисбат ба дигар рӯзҳо сард буд.Шамоли серуни тирамоҳӣ мевазид.Ин шамол гӯё бадани касро бо бармоҳ сӯрох мекард, ё шояд ба мани ранҷур чунин менамуд.Худро паси дастгоҳи худпардоз аз шамол панаҳ менамудам ва навбат мепоидам.Аз ман пеш ду -се нафар меистоданд. Ҳамин дам Шумо омадед ва мисли ҳамеша бо чеҳраи кушод аҳволпурсӣ кардед.
– Каме нотоб менамоед.- гуфтед.
– Оре, дарди моро нест дармон, алғиёс! Ҳамон дарди сутунмӯҳра хуруҷ кард.
– Иншоллоҳ, хуб мешавед.- дилбардорӣ намудед.
– Истед, Шумо ҳам бемор шуданатон мумкин.Ин қадар либоси тунук пӯшидаед.Лабатон аз сардӣ кабуд шудааст.
– Воҳима накунед, муаллим.Ҳаво каме сард.Шояд асари ҳамин бошад.
– Ба ҳар ҳол аз эҳтиёт кор гиред.
– Раҳмат, устод.
– Ростӣ, Мадинахон, аз паятон шавед.
– Хуб.
Ана ҳамин буд, муҳтавои сӯҳбати кӯтоҳу охирини мо…
Ман ба бемории худам андармон шудаму бароятон дигар на занг задаму на паёме фиристодам…Чаро чунин шуд, хоҳаракам? Чаро боре занг назадам? Охир он рӯз аҳволатонро дида будам…мани шӯрбахт кай медонистам, ки ин охирин дидор ва вопасин сӯҳбат буд… Аз ҳолатон ғофил мондам..ғофил.Ин маризӣ ва дард чунон ғофилгир кард, ки мани ситорасӯхта. ҳатто боре Шуморо ёд накардам. Дидед, ҳоли маро?Бевафоиро, бедардиро, бепарвоиро, лоқайдиву беэътиноиро….Войи ман, войи мо, ки аз ҳоли наздикон дер хабар мегирем.Войи мо, ки лаҳзаеро барои шод кардани наздикон дареғ медорем.Вой, вой, вой…
…Ва шоми 24 октябр пости Иноятхон Бобоеваро дар Фейсбук бо мазмуни “Сад афсӯс, хоҳари порсову мушфиқ Мадинаи Каримро аз даст додем.Равонашон шод бод! Хоҳари азизу дилбарам, ҷоятон ҷаннат бод! Омин!” хондаму ба назарам осмон ба замин фурӯ рафту замин маро фурӯ бурд… Дар он нимашаб худам ба ҳоли худам набудам… Буғз гулӯямро фишор медоду дил нолаву шеван мекард:
– Дареғу доду афсӯс…Эй фалак, дод аз ҷафоят… Фалак фарзонагонро куштанат чист? Мурдану рафтан навбати Шумо набуд, хоҳаракам! Бо он таҳарруки доимиву чусту чолокӣ ва дилкушодиву дилбарӣ бояд солҳои сол мезистед, нафъе ба хонаводаи азиз ва ҷомеъа мерасонидед… Оҳ хоҳараки биҳиштиам, биҳиштӣ будед, ҷаннатӣ шудед… Чӣ қадар баҳс мекардем, аз ҳамдигар маслиҳат мепурсидем, китоб радду бадал мекардем, навиштаҳои пур аз меҳр, ҳикояҳои марғубатонро равон мекардеду сари онҳо баҳс меоростем…Наход, ҳамаи ин бебозгашт бошад… Наход, дигар сари як финҷон капуччино ё шириниву кулчаҳои пухтаатон дар мавриди китобе ё мавзӯи ҷолибе суҳбат накунем…Наход, дигар паёмакҳои Шуморо нахонам.
Дина бегоҳ ҳамсаратон акси санги мазори Шуморо гузоштаанд.Дидаму аламам тоза шуд.На, на….алам маро кай тарк гуфта буд?.Аламдорам, аламдорам, аламдор…то ҷовидона аламдор… Наход, аллакай, як моҳ бештар шудааст ба Ҳақ пайвастанотонро…Чӣ қадар вақт тезгузар аст… Аммо ман ҳанӯзам ба худ наомадаам. Беморӣ паи беморӣ…Якеро паси сар накарда, дигаре паси дар мунтазир будааст…Тафсилоташро сонитар дар номаи минбаъда бароятон мегӯям…
Хоҳараки дилбандам, гоҳе фикр мекунам, ки гӯё ҳамин ҳоло дилам торс мекафад…, аз ин зиндагии якнавохту пур аз маргу мир хаста шудаам…Ҳар рӯз як хабаре…Медонед, Мадинахон гоҳе, ки дар коргоҳ хаста мешудам ва ё ба коре сарфаҳм намерафтам, ба Шумо занг мезадам… Маслиҳату машваратҳо, нақлҳои Шумо дар бораи фарзандонатон маро аз ин хастагӣ раҳо менамуд.Ман ҳама фарзандони Шуморо аз рӯи нақлҳои ширину марғуби Шумо мешиносам…Шояд мисли Шумо модароне камтар бошанд, ки баробари фарзандонашон рушд кунанд, онҳоро китобхон кунанд, баробарашон китоб хонанду аз муваффақиятҳояшон гул-гул шукуфанд…Чӣ қадар хотираҳои ширину нозанин дорам аз Шумо, Мадинахон! Чӣ қадар дар бораи падари марҳуматон хотираҳо ва ҳикоёти ширин менигоштед.Ба худ мегуфтам, агар духтар медоштам, шояд мисли Шумо дар бораам чизе менавишт, зеро духтарро синаи раҳм, дилбар мегӯянд…Дар зиндагӣ бори аввал аз духтар надоштанам сахт афсӯс хӯрдам…
Ин субҳ ҳам ба Вайбер ва ҳам ба Фейсбук паёмак расид: Мадинахон рӯзи милод доранд.Дилам дар як лаҳза таҳ кашид…зеру бамаш гум шуд… Имрӯз аввалин зодрӯзатон аст, ки бе Шумо паси сар мешавад…Ҳарчанд рӯзи милодатон дар фасли поиз буд, худатон инсони баҳорсозу баҳороин, баҳорандешаву баҳорқадам будед ва ҳузури сабзатон ин зиндагии тираву торро гарму мунир менамуд…Ҷисман байни мо нестед, вале хотираҳои ширин, суханони намакин, табассуми ғамзудо, навиштаҳои зебоятон ҳамеша бо мост.Маҳз аз инсони нек аъмоли нек мемонад…Аъмоли нек бошад касро мурдан намегузорад, фаромӯш шудан намемонад…Зодрӯз муборак, хоҳараки биҳиштиям…Бубахшед, дар ин рӯз дигар гули довудӣ ҳадя карда наметавонам… Гули довудиям имсол ба дасти соҳибаш нарасид… Гули довудиям танҳо монд…Медонам ва аминам, ки дар боғи фирдавс гул мечинед, гули довудӣ…сурху бунафшу норанҷиву сафед…Шунида будам, ки дар Ҷопон гули довудӣ нишони дарозии умр аст. ва инсони нек баъди вафоташ ҳам гули довудӣ мечидааст….Бале, амали некатон, фарзандони дилбанд, хотираҳои дӯстон давоми умри Шумоянд…
Аз мо бирафтӣ, ногаҳон,
Эй ҷони одам, ҷони ҷон.
Мондӣ маро дар кӯйи ғам,
Таркам намудӣ ҷовидон.
Болу парам бишикастаӣ,
Бо рафтанат бар осмон.
Пеши Худо рафтиву мо,
Инҷо зи доғат дар фиғон.
Ашкам дар оташ мекашад,
Номи ту орам бар забон.
Ай боғи мину ҷои ту,
Ай кавсарат оби равон.
Ёдат гиромӣ бод дӯст,
Номат гиромӣ ҷовидон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.