расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Зиёрати мақбараи Ленин дар Маскав манъ карда шуд

. / Ҷаҳон

Зиёрати мақбараи Ленин дар Маскав манъ карда шуд

Ҳоло маълум нест, ки боздид аз мавзолейи бунёдгузори давлати Иттиҳоди Шӯравӣ то кай мамнуъ аст.

Сурат: vesti.ua
Дар Русия сар аз имрӯз боздид аз мақбара (мавзолей)-и Ленин дар Маскав ба далели паҳншавии коронавирус манъ карда шуд.
Хадамоти федеролии нигаҳбонии Русия иттилоъ додааст, ки “аз 17 ноябри соли 2020 бар асари вазъи  шадиди беҳдоштӣ боздид аз Мақбараи Ленин маваққатан  манъ карда мешавад”.
Пештар аз ин вазири фарҳанги Русия Олга Любимова фармоне содир карда буд, ки тибқи он осорхонаҳои федеролӣ, осорхона-мамнуъгоҳҳо ва созмонҳое, ки фаъолияти намоишдиҳӣ доранд, бояд кори худро аз 16 ноябр то 15 январи соли 2021 қатъ кунанд.
Мақбараи Ленин ормгоҳи ёдгории бунёдгузори давлати Шӯравӣ дар Майдони сурхи Девораҳои Кремлини Маскав аст, ки дар он аз соли 1924 ба ин сӯ пайкари Владимир Ленин дар як тобути шафоф нигаҳдорӣ мешавад ва яке аз ҷойҳои зиёративу серодами Маскав дониста мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.