Паҳлавони тоҷик Қурбонмамадов аз номи ИМА ба майдон мебарояд

Паҳлавони тоҷик Қурбонмамадов аз номи ИМА ба майдон мебарояд

 Ҷудочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов аз ин ва баъд дар ҳайати дастаи Амрико баромад мекунад.

 

Варзишкори тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов, ки солҳои охир дар Амрико ба сар мебарад, аз ин ва баъд аз номи ИМА баромад хоҳад кард.

Ҳамин тавр Тоҷикистон боз як паҳлавонро аз даст дод.

 

Дар авоили моҳи март Қурбонмамадов дар сабқати ҷудо, ки дар Ню-Ҷеорсӣ баргузор шуд, дар вазни 66 кило соҳиби медали тилло гардид. Ин пирӯзии аввалини ӯ дар Амрико нест. Пештар ӯ дар мусобиқаҳои гуногун пирӯзӣ ба даст овардааст.

 

Айни замон варзишкор дар Амрико кор ва зиндагӣ дораду дар ҳамаи сабқатҳо баромад мекунад. Пас аз пирӯзӣ дар Ню-Ҷерсӣ варзишкор масъалаи ҳуҷҷатҳояшро дар Амрико ҳал кард ва қарор дод, ки аз ин ва баъд аз номи ИМА ҳунарнамоӣ кунад.

 
Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190331/1028580070/Pahlavon-tojik-qurbonmamadov-az-nom-IMA-maydon-mebaroyad.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон