ПАРТОФТУ РАФТ: КОНОР МАКГРЕГОР БА ФАЪОЛИЯТИ ХУД ХОТИМА БАХШИД

ПАРТОФТУ РАФТ: КОНОР МАКГРЕГОР БА ФАЪОЛИЯТИ ХУД ХОТИМА БАХШИД

Конор Макгрегор, собиқ қаҳрамони UFC фаъолияти худро дар ҳунарҳои размии омехта ҳусни анҷом бахшид. Дар ин бора худи варзишкор дар саҳифаи твиттерии худ хабар додааст.

Конор дар торбарги хеш навиштааст:

«Ман тасмим гирифтам, ки фаъолияти худро дар ҳунарҳои размии омехта ба анҷом расонам. Ба ҳама ҳамкорони қадимии худ дар рақобатҳояшон комёбиҳо орзумандам».

https://twitter.com/TheNotoriousMMA/status/1110410797925175296 

ПАРТОФТУ РАФТ: КОНОР МАКГРЕГОР БА ФАЪОЛИЯТИ ХУД ХОТИМА БАХШИД

 

Конор Макгрегор қаҳрамони UFC дар вазни сабук мебошад. Ӯ ҳамагӣ 25 муҳориба гузаронда, 21 пирӯзӣ ва чаҳор шикаст дорад. Конор дар таърихи UFC нахустин размикоре ба ҳисоб меравад, ки дар як вақт ду бор унвони қаҳрамониро дар вазнҳои гуногун ба даст овардааст.

Варзишкори ирландӣ дар муҳорибаи охирини худ аз Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори русиягӣ шикаст хӯрд.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон