Усмон Тошев: "Футболи тоҷик ояндаи хуб дорад"

Усмон Тошев, сармураббии Ð¼ÑƒÐ½Ñ‚Ð°Ñ Ð°Ð±Ð¸ олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки ба марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 омодагӣ мебинад, субҳи 6-уми март барои баргузор кардани бозии дӯстона муқобили тими олимпии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Дубай сафар мекунад.

Футболбозони ҷавони тоҷик имрӯз, 5-уми март, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе ду бор тамрин карданд.

"Ба назари ман ҳоло дар футболи тоҷик корҳо мувофиқи нақша, мақсаднок анҷом дода мешаванд. Футболи тоҷик ояндаи хуб дорад",-гуфт Усмон Тошев.

Барои бозӣ муқобили тими Иморот ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар 22 бозигар – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона муқобили Иморот:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – ССКА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов (ҳарду - «Хатлон»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду - «Истиклол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарсе - ССКА «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Хабарнигорони Радиои Озодӣ пеш аз сафари мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Дубай рӯзи 5-уми март бо сармураббии даста Усмон Тошев суҳбат карданд.

Радиои Озодӣ: Омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 чигуна ҷараён дорад?

Усмон Тошев: Омодагиро моҳи январ шуруъ кардем. Омодагӣ аз рӯи нақшае, ки бо шуъбаи Федератсияи футболи Тоҷикистон тарҳрезӣ намудем, ҷараён дорад. Бо кӯмаки ФФТ ҷамъомадҳои худро мегузаронем. Дар Қатар будем, дар Туркия будем ва марҳилаи ниҳоӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб мегузарад. Субҳи 6-уми март ба Дубай сафар мекунем. Дар бозии охирини контролӣ бачаҳоро бори дигар озмоиш мекунем. Бачаҳо ба мусобиқот хуб омодагӣ гирифтаанд. Фикр мекунам мо ба бозии аввалин дар Тошканд, ки 22-юми март бо тими Ҳиндустон доир мегардад, бо руҳияи баланд ва ҳолати хуб меоем. Он вазифаеро, ки роҳбарияти ФФТ дар назди даста гузоштааст, яъне ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кардан, иҷрошаванда аст.

Радиои Озодӣ: Лутфан, дар бораи ҳайаи даста маълумот бидиҳед.

Усмон Тошев: Ба ҳайати даста аз 5-6 бошгоҳ бозигарон даъват шудаанд. Ҳамдигарро хуб мефаҳманд. Якчанд нафар аз тими “Истиқлол”-и Душанбе мебошанд, ки дар финали Ҷоми ФФТ ширкат меварзанд. Бархе аз аъзои даста дар мусобиқот дар Индонезия иштирок карда буданд. Дар ҳар як позитсия дунафарӣ ҳастанд. Умуман, ҳайати озмудашудаи хуб аст.

Радиои Озодӣ: Оё ба даста легионерҳо даъват шудаанд?

Усмон Тошев: Бале. Зоир Ҷӯрабоев, ки дар дастаи “Металлург”-и Бекободи Узбекистон бозӣ мекунад, дар ҳайати даста ба Дубай меравад. Ваде Муҳаммад, ки дар Беларус ва Алишер, ки дар Молдова бозӣ мекунанд, дар ҳамин ҳол дар бошгоҳҳои худ қарор доранд. Мо онҳоро барои як бозӣ ба Дубай даъват накардем. Ҳардуро пеш аз сафари Тошканд даъват мекунем.

Радиои Озодӣ: Дар бораи рақибони худ дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “F” чӣ гуфтаниед?

Усмон Тошев: Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё мо дар гурӯҳи худ бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунем. Ҳамаи дастаҳое, ки дар марҳилаи интихобӣ иштирок мекунанд, танҳо бо як мақсад - ба марҳилаи ниҳоӣ баромадан - вориди майдон мешаванд. Бинобар ин мо бо ҳар яки онҳо ҷиддӣ ва эҳтиромона муносибат хоҳем кард. Дар бораи дастаҳои Покистону Ҳиндустон иттилоъ надорем, зероки онҳо ҳанӯз бозӣ накардаанд. Ва аммо дар бораи мунтахаби Узбекистон иттилои комил дорам, зероки аз Узбекистонам ва ҳар як бозигарро мешиносам.

Радиои Озодӣ: Шумо ки чаҳор моҳ инҷониб дар Тоҷикистонед, дар бораи вазъи кунунии футбол дар кишвар чӣ андеша доред?

Усмон Тошев: Вазъи футбол дар Тоҷикистон хуб аст. Вале мо ҳамеша камбудиҳоро меҷӯем. Норасоиҳо ҳастанд ва баҳри ислоҳи онҳо кор мекунанд. Ба назари ман ҳоло дар футболи тоҷик корҳо мувофиқи нақша, мақсаднок анҷом дода мешаванд. Футболи тоҷик ояндаи хуб дорад. Аз ҳама асосиаш мехоҳанд, ки камбудиҳоро бартараф созанд, вазъро беҳтар намоянд. Бар замми ин мутахассисони хуб, бачаҳои боистеъдод ҳастанд. Ман ҳанӯз чемпионати Тоҷикистонро тамошо накардаам, зероки бозиҳо моҳи апрел шуруъ мешаванд. Ман бозиҳоро тамошо карда, истеъдодҳои навро интихоб мекунам. Дастоварди дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтааст, шоистаи таҳсин аст. Футбол дар Тоҷикистон бар асоси дастуру қоидаҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шуда, пеш меравад.

Радиои Озодӣ: Қарордоди Шумо ҳамчун сармураббии дастаи мунтахаби олимпӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон кадом муҳлатро дарбар мегирад ва агар махфӣ набошад, маблағи моҳонаи Шумо чӣ қадар аст?

Усмон Тошев: Дар бораи маблағи моҳона чизе гуфта наметавонам, зероки бар асоси қарордод он махфӣ мемонад. Муҳлати қарордод яксола аст, то 31-уми декабри соли 2019.

Радиои Озодӣ: Лутфан бигӯед, ки чаро Шумо барои кор ба ҳайси сармураббӣ Тоҷикистонро интихоб кардед?

Усмон Тошев зимни сӯҳбат бо шореҳи варзиш дар Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф.
Усмон Тошев зимни сӯҳбат бо шореҳи варзиш дар Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф.

Усмон Тошев: Пешниҳодҳо зиёд буданд, вале ман Тоҷикистонро интихоб кардам. Чаро? Барои он ки ман 5-6 соли ахир тез-тез ба Тоҷикистон меоям. Бо Федератсияи футболи кишвар ҳамкории зич дорам. Ба ҳайси мушовири АФК дар гузаронидани давраҳои омӯзишии мураббиён иштирок кардаам. Дар ин ҷо дӯстони зиёд дорам. Урфу одати мардуми тоҷик, забони тоҷикиро медонам, дар инҷо ман худро бегона ҳис намекунам. Бинобар ин, Тоҷикистонро интихоб кардам.

Радиои Озодӣ: Каме дар бораи худ маълумот бидиҳед.

Усмон Тошев. Дар шаҳри Бухоро таваллуд шудаам. 53-сола ҳастам. Ба футбол аз хурдӣ машғулам. Дар ҳайати дастаҳои мухталифи Узбекистон ва бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ кардаам. Аз соли 2000-ум ба кори мураббигӣ гузаштам. Ҳамчун мушовири АФК ва ФИФА ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кардаам.

Радиои Озодӣ: Бо бачаҳое, ки дар ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, ба кадом забонҳо гап мезанед?

Усмон Тошев: Ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Бачаҳо ин забонҳоро хуб медонанд. Вале забони асосӣ забони футбол аст. Мо бояд вазифаҳои дар наздамон гузоштаро иҷро кунем.

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат. Ба шумо ва шогирдонатон барои кор мехоҳем.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон