Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб шуд.

Бино ба итттилои ФФТ, дар пойтахти Таиланд - шаҳри Бангкок иҷлосияи Ассамблеяи генералии 38-уми Шӯрои олимпии Осиё доир гардида, дар ҷараёни он интихоби ҳайати раҳбарӣ, Кумитаи иҷроия ва намояндагони комиссияҳои домии Шӯро барои давраи солҳои 2019-2022 баргузор шуд.

Гуфта мешавад, бо қарори якдилонаи аъзои шӯро шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал Сабоҳ аз Кувейт барои давраи нави чорсола президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд.

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё шомил шуд. Дар давраи гузашта ӯ узви Кумитаи муносибатҳои байнулмилалии Шӯро буд.

Дар Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Бангкок Тоҷикистонро ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Ахтам Абдуллозода ва дабири кулии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои олимпии Осиё созмони байнулмилалии олимпӣ буда,айни замон 45 кумитаҳои олимпии миллии Осиё аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё дар Кувейт воқеъ аст.