Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!

Субҳи имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ бо доираи васеи ҷавонону наврасон, мураббиёну варзишгарон, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст” дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои сайёҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзишӣ баргузор гардид, ки дар кишвар зиёда аз 49558 нафар ба машқу тамринҳо баромаданд, ки аз ин шумора 17897 нафарашонро занон ташкил медод.
Дар маҷмуъ дар кишвар дар 191 мавзеъ машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир карда шуд, ки аз ин шумора дар ВМКБ 282 нафар, дар вилояти Хатлон 5250 нафар, дар вилояти Суғд 14753 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин рақам ба 3321 нафар баробар гардид.
Иқдоми мазкур дар шаҳри Душанбе хуб ба роҳ монда шуда, аз аввали соли 2019 машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна низ роҳандозӣ карда шудааст. Дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз дар машқҳои дастаҷамъона зиёда аз 22631 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 9002 нафарро бонувон ташкил медоданд.
Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шабе “Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ” эълон карда шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон