Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA тағйир наёфт

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки имрӯз, 7-уми февралдар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро нигаҳ дошт ва дар байни 211 кишвар бо 1155 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави FIFA дар даҳгонаи аввал тағйирот ба амал наомадааст. Белгия бо 1727 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1726 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1676 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Хорватия – 1634 имтиёз, Англия – 1631 имтиёз, Португалия – 1614 имтиёз, Уругвай – 1609 имтиёз, Швейтсария – 1599 имтиёз, Испания – 1591 имтиёз ва Дания – 1589 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1516 имтиёз дар зинаи 22-юм) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 27-ум, 1495 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 38-ум, 1451 имтиёз) мебошанд.

Қаҳрамони ҷадиди Осиё – Қатар – пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё-2019 дар раддабандии нави FIFA 38 зина боло рафт ва бо 1398 имтиёз дар ҷойгоҳи 55-ум қарор дорад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (30-юм, 1482 имтиёз), Русия (50-ум, 1424 имтиёз) ва Беларус (78-ум, 1317 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Латвия (131-ум), Литва (132-юм), Туркманистон (136-ум) ва Молдова (170-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (89-ум), Қирғизистон (95-ум) ва Қазоқистон (117-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон