Пирӯзии дастаи "Истиқлол"

Пирӯзии дастаи "Истиқлол"

 

Дирӯз дастаи “Истиқлол”- и Душанбе дар варзишгоҳи “Арслан”- и Туркия чорумин бозии санҷишии худро бо дастаи “Томь”- и Федератсияи Россия ба анҷом расонид.

Дар ин дидор дастаи “Истиқлол” –и Душанбе бо ворид намуди ду гол ба дарвозаи ҳариф ғолибият ба даст овард.

Гоҳлои дастаи “Истиқлол”- ро Эҳсони Панҷшанбе ва Икандар Ҷалилов ба дарвозаи ҳариф ворид намуданд.

Дар дақиқаи 85 – уми бози Максим Андреев аз рӯи зарбаи 11 метра ба дарвозаи “Истиқлол” голи хешро сабт намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол”- и шаҳри Душанбе машқу тамринҳои омӯзишии хешро дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор намуда истодааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон