расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » КОРОНАВИРУС ШУДА БУД... ДАРГУЗАШТИ ҲОТАМ МУРТАЗОЕВ – МУҲАҚҚИҚИ “ГӮРИСТОНҲОИ УРАН”

. / Ҳаводис

КОРОНАВИРУС ШУДА БУД... ДАРГУЗАШТИ ҲОТАМ МУРТАЗОЕВ – МУҲАҚҚИҚИ “ГӮРИСТОНҲОИ УРАН”

Рӯзи 9 ноябр дар Хуҷанд Ҳотам Муртазоев, олими шинохтаи физикаи ядроиро ба хок супурданд. Ҳотам Муртазоеви 78-сола, ба гуфтаи яке аз наздиконаш, чанде пеш ҳамроҳи ҳамсараш ба коронавирус гирифтор шуда буд."Як дафъа аз бемории ҳамагир, якҷо бо модар дар хона табобат мегирифтанд. Ҳарду пурра аз банди беморӣ раҳо шуда буданд. Умр барояшон ҳамин миқдор насиб кардааст, дирӯз ба Ҳақ пайвастанд, рӯҳашон шод боду ахираташон обод” – гуфтааст як узви хонаводаи Мутразоевҳо ба "Спутник Тоҷикистон”. Ҳотам Муртазоев яке аз олимони намоёни физикаи ядроӣ дар Тоҷикистон ва минтақа ба шумор мерафт ва таҳқиқоти анҷомдодааш, бахусус дар мавзӯи партовгоҳҳои уран дар вилояти Суғд аз ҷониби олимони соҳаи ҳастаӣ, аз ҷумла аз сӯи Агентии байналмилалии нирӯи атомӣ зиёд истифода мешуд.
Ҳотам Муртазоев, олими номии факултаи физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар синни 78-солагӣ аз дунё даргузашт
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Яке аз узви оилаи Муртазоевҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, падари хонадон чанде пеш дар мубориза ба бемории ҳамшабеҳи "вируси корона” пирӯз омада буд, вале дирӯз дунёи фониро тарк кард.
"Як дафъа аз бемории ҳамагир, якҷо бо модар дар хона табобат мегирифтанд. Ҳарду пурра аз банди беморӣ раҳо шуда буданд. Умр барояшон ҳамин миқдор насиб кардааст, дирӯз ба Ҳақ пайвастанд, рӯҳашон шод боду ахираташон обод”, гуфт манбаъ.
Ҳотам Муртазоев, яке аз намоёнтарин олимони соҳаи илмҳои дақиқ ба шумор меравад, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ маъруфият дошт.
Муртазоев 8 майи соли 1942 дар ноҳияи Фориши вилояти Жиззахи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1965 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров)-ро аз рӯи ихтисоси физикаю математика хатм карда, аз он замон дар ин донишгоҳ ба кор шурӯъ кард ва дар Тоҷикистон муқимӣ шуд.
Солҳои 1966 – 1976 нахуст лаборант, лабаранти калон ва ба дараҷаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт расида, соли 1978 дотсенти ҳамин кафедра шуд. Аз соли 1978 то 1992 дар вазифаи ҷонишини декани факултаи физика кор кардааст.
Солҳои 1980-1983 профессори факултаи илмҳои табиии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Конкри (Гвинея, Африқои ғарбӣ) буд. Аз соли 2003 ин ҷониб профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият бурдааст.
Ҳотам Муртазоев аз барҷастарин физикдонҳои кишвар маҳсуб мешавад, ки то ба сатҳи минтақа маъруфият дошт.
Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотиаш дар бораи мизони радиатсияи ё афканишот дар макони партовгоҳҳои радиоактивии қаламрави Суғд, ӯро ба як олими сермаҳсули сатҳи минтақа муаррифӣ кардааст.
Пажӯҳишҳои ӯ борҳо аз сӯи масъулони Ожонси амнияти ядроӣ ва радиатсионии кишвар ва созмонҳои байналмиллалии назорат аз энержии ҳастаӣ ва ё МАГАТЭ мавриди корбурд қарор дода шудааст.
Дар вилояти Суғд, нӯҳ партовгоҳи радиоактивӣ аз замони Шӯравӣ боқӣ монданд ва дар онҳо бештар аз 50 милион тон пасмандоҳаи маводи уран хобидаанд.
Аз ин парвотгоҳ, муҳақиқон "гуристонҳои уран” ном мебаранд. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва боду боришоти боронҳои пайдарпай болопуши ин партовгоҳҳо шуста шуда ва боис ба баландшавии мизони радиатсия шудааст.
Ин гуна манзараҳо ҳамеша мавриди таҳқиқи илмии профессор Ҳотам Муртазоев ва дигар донишмандону коршиносони соҳа қарор гирифтааст.
Маросими ҷанозаи Муртазоев бо иштироки пайванду дӯстон ва ҳамкоронаш дирӯз дар шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.


Негматулло Мирсаидов
Ушел из жизни выдающийся ученый, физик-ядерщик, замечательный человек Хотам Муртазоев. Мое знакомство с ним пришлось на начало 2000-х, когда мы с друзьями-единомышленниками создали первое в Согдийской области независимое информационное агентство. Хотам-ака был одним из наших активных нештатных корреспондентов. Поскольку для нашего информагентства "Вароруд" не было запретных тем, это очень привлекало ученого. Он мог говорить о проблемах, о которых не принято было говорить в другой среде. Это были вопросы экологии, которым себя посвятил в последние два десятилетия ученый. Он очень хорошо знал, какое тяжелое урановое наследие досталось Таджикистану от СССР, какую опасность для здоровья людей представляли так называемые могильники - урановые хвостохранилища на территории Согдийской области, как важно было обратить внимание мировой общественности на эту проблему. Отчасти благодаря работе Хотама Муртазоева и его коллег из ученой среды, представительств международных экологических организаций, забивших тревогу, были привлечены средства для рекультивации урановых хвостохранилищ. Хотам Муртазоев вседа говорил фактами. Например, для того, чтобы вы могли представить, какую угрозу таят хвостохранилища в нашем регионе, достаточно привести его слова.
"Дегмайское хвостохранилище считается самым опасным местом захоронения токсичных отходов в Согдийской области.
Оно содержит 37 миллионов тонн отходов, в том числе продукты, перевезенные из Узбекистана и Казахстана в советские времена. Изначально площадью 90 гектаров, участок теперь охватывает 120 гектаров из-за распространения загрязненной почвы ветром и дождем.
Этот могильник опасен тем, что находится в непосредственной близости от населенных пунктов и берега реки».
В некоторых населенных пунктах не только радиационный фон выше допустимой нормы... но есть угроза смыва загрязненной почвы в бассейн реки Сырдарья при проливных дождях», - как-то рассказывал мне Муртазоев.
Он бил тревогу, чтобы беречь здоровье людей. Порой принимал удары на себя. Он был замечательным педагогом, патриотом. Его не раз приглашали на работу в зарубежные страны, но он предпочел остаться у себя на Родине. Каких людей мы теряем? Но время неумолимо движется вперед. Мы все в этом мире тленны, приходящие и уходящие, но нужно жизнь прожить так, чтобы оставить после себя доброе имя и добрые воспоминания, как это сделал Хотам Муртазоев. Покойтесь с миром, дорогой наш друг, наставник молодежи Хотам-ака Муртазоев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.