расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » ВИДЕО: ҶАВОНИ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА КУМАК БА ТЕРРОРИСТҲО БА ФСБ БАРОИ БОЗДОШТАШ ТАШАККУР ГУФТ

Муҳоҷир / Ҳаводис

ВИДЕО: ҶАВОНИ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА КУМАК БА ТЕРРОРИСТҲО БА ФСБ БАРОИ БОЗДОШТАШ ТАШАККУР ГУФТ

Раёсати ФСБ вилояти Твер видеои боздошти як ҷавони 21-сола аз Тоҷикистонро, ки ба кумак ба террористҳо айбдор мешавад, нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки нирӯҳои вижаи ФСБ вориди як хона шуда, ҷавонро ба рӯи фарш мехобонанд ва ба дастонаш завлона мезананд. Ин ҷавон дар аввал мегӯяд, ки барои мардикорӣ омадааст инҷо ва дар сохтмон кор мекунад. Дар идомаи видео ӯ баёнот медиҳад, ки бо як шиноси дар Сурия қарор доштааш тамос дошт ва он шиносаш ӯро ҳам ба саффи созмони мамнӯи террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ) даъват карда, роҳҳои чигуна ба Сурияро рафтанро нишонаш додааст. Ҷавони тоҷики боздоштшуда дар поёни видео ба ФСБ Русия изҳори ташаккур мекунад, ки ӯро дастгир карданд ва нагузоштанд, ки ба ҷанги Сурия биравад.
Бино ба иттилои тафтишот, ин ҷавони тоҷик қаблан дар Твер кору зиндагӣ мекард ва аз 2 апрел то 17 майи соли 2016 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо як шиносаш, ки дар Ҷумҳурии Сурияи Араб қарор дошт ва узви ДОИШ будааст, тамос дошт ва он шиносаш ин ҷавонро ҳам даъват кардааст, ки ба фаъолиятҳои ДОИШ кумак расонад. Ба ақидаи мақомоти амниятии Русия, ҷавони тоҷик ин пешниҳодро пазируфта, ба фаъолияти ДОИШ мусоидат кардааст. Вале ФСБ шарҳ надодааст, ки ин «мусоидат» дар кадом шакл сурат гирифтааст?
Ин ҷавони тоҷик баъдан Тверро тарк кардааст, вале мақомот ахиран маълумот пайдо карданд, ки ӯ дар шаҳри Вязмаи вилояти Смоленск қарор дорад. Ҷавонро бо мусоидати мақомоти амниятии Смоленск дар Вязма дастгир карда, ба Твер бурданд.
Нисбат ба ӯ бо иттиҳоми мусоидат ба ташкили фаъолияти террористӣ ва узвият дар созмони террористӣ парванда кушода, ҷавонро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Видео: Навори фаврии ФСБ



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.