Шикасти мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон аз “Истиқлол”

Қабл аз сафар ба Қатар дар Душанбе тамрини ниҳоии футболбозон доир мегардад.

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи 8 январ бо қаҳрамони мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи мамлакат – тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷишӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи футболбозони “Истиқлол” анҷом ёфт.

Барои истиқлол ин нахустин бозии санҷишӣ таҳти раҳбарии сармураббии нав Ҳаким Фузайлов дар доираи омоадгӣ ба мавсими нав маҳсуб меёбад.

Имрӯз, 9 январ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон пеш аз сафар ба Қатар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” (15-23 январ) машқҳои ниҳоии худро баргузор менамояд.

Дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа футболбозони тоҷик санаи 15 январ – бо дастаи Эрон, 18 январ – бо тими Қатар ва 21 январ – бо дастаи Кувейт рақобат мекунанд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар майдонҳои Академияи «Aspire» дар Доҳа доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешавад. Футболбозони мо дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда доир мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон