Дилшод Назаров ва Хушқадам Хусравов - варзишгарони сол дар Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равонро ҷамбаст намуда, ҷойизадоронро муайян кард.

Чорабинии тантанавӣ 27 декабр дар маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” баргузор гардид.

Дар риштаи варзиши намуди олимпӣ гурзандоз Дилшод Назаров “Варзишгари сол” эълон шуд, ки дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия соҳиби медали нуқра гардида буд. Хушқадам Хусравов, ки имсол дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо медали тилло ба даст овард, “Варзишгари сол” дар риштаи варзиши намуди ғайриолимпӣ шинохта шуд.

Хушқадам Хусравов
Акс аз mix.tj

Қаиқрон Шаҳриёр Даминов беҳтарин варзишгари ҷавон ва муштзан Идимоҳ Холова беҳтарин варзишгардухтари ҷавон эътироф карда шуданд.

Дар риштаи “Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон” шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуд. Телевизиони “Варзиш” беҳтарин ВАО-и варзишӣ ва Алӣ Шарифов беҳтарин шореҳи варзиши Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Дилшод Назаров
Акс аз Pikabu

Федератсияи футболи Тоҷикистон маротибаи чорум пайиҳам Федератсияи варзишии беҳтарини сол эълон шуд. Туҳфаи ифтихориро ба Хуршед Мирзо - муовини президенти ФФТ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим тақдим намуд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16), ки тирамоҳи соли равон дар Чемпионати Осиё – 2018 дар Малайзия нишони нуқра ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 дар Перуро соҳиб шуд, “Дастаи сол” дар Тоҷикистон эътироф гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол
Акс аз ФФТ

Сармураббии дастаи наврасони кишвар Зайниддин Раҳимов, ки зери роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё - 2018 муваффақ шуд, беҳтарин мураббии варзиши Тоҷикистон шинохта шуд.

Ҳамчунин дар маросими тантанавӣ дастаи наврасони Тоҷикистон 12 500 сомонӣ мукофоти Президенти Тоҷикистонро, ки барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст, соҳиб шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон