ВО-АҶАБ! АЗ ҲАР ВАРЗИШГАР 20 СОМОНӢ ... “ҲАҚҚИ ТАРОЗУ”

Дар мусобиқаи гӯштине, ки аз 21-ум то 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҳар як варзишгар барои баркашидани вазнашон 20 сомонӣ маблағ ҳамчун "ҳаққи тарозу” ҷамъ кардаанд. Дар ин бора чанде аз иштирокдорони мусобиқаи гуштини тарзи озод ба ёдбуди Қувват Холов ба сомонаи "Ахбор” иттилоъ доданд. Ин мусобиқаро Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон доир кардааст.

Варзишгароне, ки аз минтақаҳо ба Душанбе сафар карданд, мегӯянд: "Рафту омад, ҷои хоб хӯрду хӯрок ҳама аз ҳисоби худамон буд. Вале як чиз барои мо нофаҳмо буд ки аз ҳар як варзишгар барои санҷидани вазнаш дар тарозу 20 сомонӣ маблағ пурсиданд. Шояд ягон чорабинӣ доштанд ё барои харидории медалу грамотаҳоямон сарф кардан ба мо маълум нест,” – мегӯянд иштирокдорони мусобиқа.

Чанде аз мураббиён дар сӯҳбат гуфтанд, агар барои мисол аз ҳар кадом аз 300 иштирокчӣ 20 сомонӣ ҷамъ карда бошанд, 6000 сомонӣ маблағ мешавад: "Аз ин мебарояд, ки мусобиқаро аз ҳисоби худи варзишгарон доир намуданаанду ба номашон менависанд. Ин дар ҳолест, ки ба ғолибон ягон мукофтот надодаанду танҳо медалу грамота доданду халос.”

Тибқи маълумоти телевизиони "Варзиш”, аз 21 то 23 декабр бахшида ба ёдбуди Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувват Холов, дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб" дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод байни варзишгарони соли таваллудашон варзишгарони солҳои таввалудашон 2001-2007 баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 350 варзишгар аз гӯшаву канори гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар 17 вазн (аз 23 то 110 кило) ширкат намудаанд.

Мусобиқаи мазкур соли панҷум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гузаронида шуда, ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешавад – менависад сомонаи телевизиони "Варзиш”.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон