Эълони 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини солро муайян кард.

Ба иттилои Нарзулло Латипов, раиси АЖРВТ, бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд: 

Дилшод НАЗАРОВ  (варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup); 

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола;


Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо;


Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (дзюдо ва самбо) –  барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия;


Шакармамад МИРМАМАДОВ (дзюдо)  - барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ;


Хушқадам ХУСРАВОВ  (самбо) - қаҳрамони ҷаҳон;


Сорбон ЛАТИФОВ (самбои размӣ) - барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон;


Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё;


Сомон МАҲМАДБЕКОВ (дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон;


Идимоҳ ХОЛОВА (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё миёни ҷавонон.


Ба гуфтаи Нарзулло Латипов, мутаассифона, се соли охир дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш касе аз Тоҷикистон медал нагирифтааст.

“Зимнан, аз соли 1995, баъди пирӯзии Андрей Абдувалиев дар чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, то ҳоло ягон нафари дигар аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст”, - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки инчунин ин дафъа дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия ба варзишгарони тоҷик гирифтани медали тилло муяссар нашуд.

“Ҳамчунин дар мавсими соли 2018 варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё дар намудҳои олимпӣ миёни калонсолон натавонистанд медалҳои тилло ва нуқра бигиранд”, - илова намуд Нарзулло Латипов.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон