ЭЪЛОНИ 10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛ ВА МУШКИЛИ РАҚАМИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

Президенти АЖРВТ Нарзулло Латипов

Ассоциатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018-ро эълон кард. Ба ин даҳгона Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, Хушқадам Хусравов ва дигарон шомил шуданд. Вале президенти АЖРВТ Нарзулло Латипов дастовардҳои варзиши тоҷикро дар умум чандон қаноатбахш намешуморад: "Тайи соли охир дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш касе аз Тоҷикистон медал нагирифтааст. Аз соли 1995 ягон нафари дигар аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст...”

Ассоциатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) рӯзи 20 декабр бар асоси пурсиши шореҳони варзиш 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018-ро муаррифӣ кард:

Дилшод НАЗАРОВ(варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup)

Шаҳриёр ДАМИНОВ(қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА(кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН(дзюдо ва самбо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия

Шакармамад МИРМАМАДОВ(дзюдо)-барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ

Хушқадам ХУСРАВОВ(самбо) - қаҳрамони ҷаҳон

Сорбон ЛАТИФОВ(самбои размӣ) - барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА(таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё

Сомон МАҲМАДБЕКОВ(дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон

Идимоҳ ХОЛОВА(бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё миёни ҷавонон.

Аммо президенти АЖРВТ шореҳи варзиши шинохтаи тоҷик Нарзулло Латипов бо изҳори таассуф гуфт, ки натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2018 ва чанд соли гузашта дар риштаҳои олимпии варзиш чандон қаноатбахш нест: "Вале тайи соли охир дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш касе аз Тоҷикистон медал нагирифтааст. Зимнан, аз соли 1995, баъди пирӯзии Андрей Абдувалиев дар чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, то ҳоло ягон нафари дигар аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст. Инчунин, ин дафъа дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия ба варзишгарони тоҷик гирифтани медали тилло муяссар нашуд. Дар мавсими соли 2018 варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё дар намудҳои олимпӣ миёни калонсолон натавонистанд медалҳои тилло ва нуқра бигиранд.”

Ахиран ширкати «Формула 55» низ бар асоси овоздиҳии мухлисон гуштингири шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравовро "Беҳтарин варзишгари соли 2018” эълон карда буд. Хушқадам Хусравов, ки имсол унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар гуштини самбо дар вазни то 62 кило ба даст овард, дар овоздиҳии "Формула 55” 6262 овоз гирифт. Ҷои дуюмро бо 3722 овоз гуштингири дигари тоҷик Саидҷалол Саидов соҳиб шуд. Ҷои сеюм насиби Зуҳро Холова бо 1743 овоз гардид. Қаиқрон Шаҳриёр Даминов бо 1270 овоз дар ҷои чорум ва гурзандоз Дилшод Назаров бо 1171 овоз дар мақоми панҷум қарор гирифтанд.

Дар ин овоздиҳӣ Комроншоҳи Устопириён 766 овоз, Беҳрӯз Хоҷазода 688 овоз ба даст оварда, ду довталаби дигар – Аъзам Ғаффоров ва Муҳриддин Ҳасанов мутаносибан соҳиби 313 ва 210 овоз шуданд.

Маросими тақдими ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини соли 2018» аз ҷониби ширкати «Формула 55» соли оянда доир мешавад.

Хушқадам Хусравов, зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, 25 сол дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст. Хушқадам Хусравов моҳи ноябри соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самбо дар шаҳри Бухарести Руминия соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Хушқадам Хусравов сеюмини қаҳрамони ҷаҳон дар гуштиши самбо аз Тоҷикистон аст. Соли 1975 ин унвонро Саидмӯъмин Раҳимов, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва имсол Хушқадам Хусравов ба даст оварданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон