Неймар дар садри раддабандии гаронтарин футболбозони ҷаҳон ҷойгир шуд

Ҳамлагари КФ «Барселона» Неймар аз ҷониби Маркази тадқиқоти байналмилалии варзиш (CIES) дар садри раддабандии гаронтарин футболбозони ҷаҳон ҷойгир шуд. Дар ин бора football-observatory.com хабар медиҳад.
Трансфери футболбози бразилиягӣ Неймар аз рӯи аснод ба 246,8 миллион евро баробар аст. Дар сегонаи аввал ҳамчунин ҳамдастаи Неймар Леонел Месси (170,5 миллион) ва Пол Погба аз «Манчестер Юнайтед» (155,3) ҷойгир шудаанд. Бозингари беҳтарини ҷаҳони соли 2016 дар мавсими гузашта Криштиану Роналду дар ин қатор бо нишондоди 126, 5 миллион евро дар зинаи 7-ум мавқеъ гирифт.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Антуан Гризманн («Атлетико»), Луис Суарес («Барселона»), Харри Кейн («Тоттенхэм»), Пауло Дибала («Ювентус»), Деле Алли («Тоттенхэм») ва Эден Азар («Челси») шомил шудаанд.
Маркази тадқиқоти байналмилалии варзиш ин рейтингро аз рӯи ҳунарнамоӣ, дастовард, синну сол, шартномаҳо ва ғайра баҳогузорӣ кардааст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон