ФУТБОЛБОЗИ РИШДОРИ ТОҶИК ПАНОҲГОҲИ СИЁСӢ ПУРСИДААСТ

Парвиз Турсунов, ҳимоятгари собиқи дастаи футболи "Хайр”-и Ваҳдат аз Беларус паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст. Дар ин бора сомонаи Centre1.com хабар дод. Турсунов рӯзи 18 сентябр, дар фурудгоҳи Минск замоне дастгир шуд, ки мехост ҳамроҳи зану фарзандонаш тавассути Беларус ба ягон кишвари Аврупо биравад. Дар Тоҷикистон ин футболбози собиқро ба пайравӣ ба равияи мамнӯи мазҳабии Салафия айбдор мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар сурати истирдодаш, Турсунов дар Тоҷикистон метавонад ба шиканҷа дучор шавад.

Бино ба гузориши сомонаи Centre1.com, футболбози собиқи дастаи "Хайр”-и Ваҳдат аз Беларус паноҳгоҳи сиёсӣ пурсидааст.

Парвиз Турсунов рӯзи 18 сентябр ҳамроҳи зану фарзандонаш бо парвози Истанбул – Одесса – Минск ба Беларус омад, то тавассути ин кишвар ба Полша рафта, дархости паноҳандагӣ кунад. Аммо дар фурудгоҳи Минск ҳангоми тафтиши шиносномаи Парвиз Турсунов маълум шуд, ки ӯ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст. Турсуновро боздошт карда, ба боздоштгоҳи рақами яки Минск бурданд ва зану 4 фарзанди ӯро баъди се рӯз ба Украина фиристоданд, чунки дар шиносномаҳои онҳо мақомоти Туркия муҳри ихроҷ (депортатсия) зада будаанд.

Centre1.com менависад, сарнавишти Парвиз Турсунов ҳоло нафақат аз тасмими мақомоти Беларус, балки ба ин ҳам вобаста аст, ки оё ягон кишвари Аврупо ба ӯ паноҳандагӣ медиҳад ё на? Шонси дар Беларус ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ барои Турсунов хеле ночиз аст, чунки ин кишвар, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, аз соли 2004 ба ин тараф аз 36 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, танҳо ба як нафар ва он ҳам дар соли 2005 паноҳ додааст. Дар 13 сол охир ба ягон шаҳрванди Тоҷикистон муяссар нашудааст, ки дар Беларус паноҳ барад.

Наталя Матскевич, адвокати Парвиз Турсунов дар Беларус ба Centre1.com гуфт, мақомоти Тоҷикистон алакай асноди лозим барои истирдоди ӯро ба Минск фиристодаанд. Ин аснод ҳоло дар дасти баррасии Додситонии кулли Беларус қарор дорад. Агар ин идора тасмим бигирад, ки Парвиз Турсуновро ба Тоҷикистон бисупоранд, вакилони ӯ метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд, вале шонси пирӯзиашон дар додгоҳи Беларус чандон зиёд нест.

Наста Лойка, намояндаи созмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо номи "Весна” ба Centre1.com гуфт, Парвиз Турсуновро ба зудӣ метавонанд ба мақомоти Тоҷикистон бисупоранд: "Ҳадафи ҳомиёни ҳуқуқ роҳ надодан ба истирдоди Парвиз аст, чунки дар Душанбе ӯ метавонад ба шиканҷа, таъқиб ва иттиҳоми бофтаи ифротгароӣ рӯбарӯ шавад.”

Бо мақсади наҷот аз истирдод ба Душанбе Парвиз Турсунов тавассути маъмурияти боздоштгоҳ барои мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар Беларус дархост додааст. Барои баррасии чунин дархост қонунгузорӣ 40 рӯз ҷудо мекунад ва дар ин муддат баррасии парвандаи истирдоди ӯ боздошта мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ ба инки Турсунов битавонад дар Беларус паноҳандагӣ ба даст биорад, умеди чандоне надоранд, вале умедворанд, ки ягон кишвари Аврупо ба ӯ чатри паноҳандагӣ хоҳад дод. Дар гузашта чунин маврид вуҷуд дошт: Ҳомии ҳуқуқ Шабнам Худойдодова, ки моҳи июни соли 2015 дар Беларус бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, моҳи феврали соли 2016 баъди ба даст овардани мақоми паноҳандагии сиёсӣ аз ҷониби Амрико озод шуд ва тарки Беларус кард.

Парвиз Турсунов аз шароиташ дар боздоштгоҳ шикоят надоштааст, вале тарс дорад, ки ӯро ба Тоҷикистон месупоранд. Зану фарзандони Турсунов ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ба гуфтаи Наста Лойка, ин васоили фишор ба ин футболбоз аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро бештар мекунад.

Парвиз Турсунов, ки ҳоло 43 сол дорад, ҳимоятгари дастаи "Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд. Моҳи апрели соли 2011 сармураббии даста Тоҳир Мӯъминов ба Турсунов гуфт, ки ӯро аз даста ихроҷ мекунанд, чунки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намехоҳанд, ки ин футболбоз бо риши мисли риши мулло ба майдон барояд.”

Парвиз Турсунов он замон гуфт, ки агар интихоб байни риш ва бозии футбол бошад, ӯ ришро интихоб мекунад ва омода аст тарки футбол кунад. Ин қазия дар сархатти ахбори расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва билохира ба Парвиз Турсунов иҷозат доданд, ки ба футболбозӣ идома диҳад. Вале баъди чанде, вақте вазъият ором шуд, ӯро аз дастаи "Хайр” ронданд.

Парвиз Турсунов баъди ин бо аҳли оилааш ба Имороти Араб ва сипас ба Туркия рафта, чанд сол дар он ду кишвар соҳибкорӣ кард. Рӯзи 18 сентябр ӯ бо зану 4 фарзандаш аз Истанбул тавассути Одесса ба шаҳри Минск чиптаи парвоз гирифтанд ва мехостанд дар ягон кишвари Аврупо паноҳанда шаванд.

Аммо дар фурудгоҳи Минск ҳангоми гузаштан аз хатти марз Парвиз Турсуновро ба ин далел, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дастгир карданд. Зану фарзандони ӯро баъди се рӯз ба Украина фиристоданд, вале худи варзишгар инак қариб як моҳ боз мунтазири баррасии парвандаи истирдодаш аз ҷониби мақомоти Беларус аст.

Додситонии кулли Беларус гуфт, онҳо мунтазири асноди мақомоти Тоҷикистон бо дархости расмии Парвиз Турсунов мебошанд. Дар Тоҷикистон ба зидди ӯ бар асоси ду иловаи моддаи 307 бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ ва ташкили ҷамъияти ифротӣ парванда оғоз кардаанд. Моддаи 307 маъмулан барои парвандаҳои ангезаҳояшон сиёсӣ истифода мешавад.

Дар соли 2010, вақте пеши Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё футбол, ё риш!, ӯ дар посух гуфт, ки футбол моли дунёст ва риш – суннати Паёмбар ва ӯ барои моли дунё шуда аз баҳри суннати Паёмбар намегузарад.

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Қурбонов дар як сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, шавҳари ӯ намозхон буд, вале дар фаъолиятҳои сиёсӣ даст надошт: "Парвиз мазҳабӣ буд, риш мемонд, намозашро мехонд, вале ҳеҷ гоҳ ба сиёсат кор надошт ва дар ягон ҷо лаб ба танқиди ҳукумат накушодааст. Мазҳабӣ буд, вале сиёсӣ набуд. Ман, ростӣ, намедонам, ки барои чӣ моро ин қадар азоб медиҳанд?”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон