Ҳабиб барои мулоқот бо Эрдуғон ба Туркия рафт

Рукопожатие, Ð°Ñ€Ñ Ð¸Ð²Ð½Ð¾Ðµ фото

Ҳабиб Нурмуҳаммедов аксашро, ки ҳангоми сафараш ба Туркия бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шаҳри Истамбул гирифта будааст, дар саҳифаи Инстаграмаш дар интернет гузоштааст

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта (UFC) Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми ифтитоҳи фурудгоҳе дар Истамбул мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, худи раисҷумҳур Эрдуғон Ҳабибро ба ин чорабинӣ даъват карда будааст. Ҳангоми дидор варзишкор ва сиёсатмадор бо якдигар дастфишонӣ карда сӯҳбати кутоҳе анҷом додаанд.

Баъди якчанд соати дидор бо Эрдуғон дар саҳифаи Ҳабиб дар Инстаграм акси ӯ бо роҳбари Туркия пайдо шуд, ки зераш навишта шуда буд: “Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз шиносоӣ бо Шумо хело шодам”.

Инчунин пеш аз вохурӣ бо Эрдуғон Ҳабиб имкон пайдо кардааст аз якчанд мавзеи Истамбул дидан кунад. Варзишкор ҳангоми сайри ин шаҳри зебоманзар як аксашро дар Босфор дар Инстаграм гузоштааст.

 Чанде пеш Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди пирӯзӣ бар Макгрегор бо Владимир Путин мулоқот карда буд.

Ҳамчунин сайёҳи номии тоҷик Абдулазиз Раҷабов, ки чун Ҳоҷӣ пиёда машҳур аст, ба дидорбинии варзишкор рафта буд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон