ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ШАМСИДДИН ШАНБИЕВ БО “УРАЛ” ҚАРОРДОД БАСТ

Шамсиддин Шанбиев, футболбози зодаи Тоҷикистон ва узви мунтахаби ҷавонони Русия бо дастаи футболи "Урал” аз шаҳри Екатеринбург қарордод баст. Шанбиев дар "Урал” таҳти рақами 2 дар мавқеи ҳимоятгари тарафи рост бозӣ хоҳад кард. Шамсиддин Шанбиев алакай ба тамринҳо бо дастаи "Урал” шурӯъ кардааст ва дар мавсими трансферҳои зимистона расман ҳамчун узви "Урал” сабти ном шуда, ба бозиҳо дар Премер-Лигаи Русия оғоз мекунад.

Шамсиддин Шанбиев
Санаи таваллуд: 18.02.1997 
Шаҳрвандӣ: Русия
Амплуа: ҳимоятгар
Дастаи қаблӣ: «Спартак-2»
Қад:181 сантиметр
Вазн:73 кило.

Шамсиддин Асрориддинович Шанбиев дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)-и Тоҷикистон ба дунё омада, дар синни сесолагӣ ҳамроҳи оилааш ба Маскав кӯчидааст. Ӯ дар синни 7-солагӣ ба мактаби футболи дастаи овозадори "Спартак” дохил шуд ва бо хатми академияи ин даста дар ҳайъати дуюми он "Спартак-2” ба собиқаи футболбозиаш оғоз кард.

Шамсиддин Шанбиев дар ҳайъати мунтахаби наврасони Русия бозӣ карда, моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳайъати мунтахаби ҷавонони он кишвар даъват шуд ва дар ду бозии интихобии чемпионати Аврупо бо Гибралтар ва Македония дар ҳайъати тими миллии ҷавонони Русия ба майдон баромад.

Шамсиддин Шанбиев дар асри 21 нахустин зодаи Тоҷикистон аст, ки ба дастаҳои миллии Русия роҳ меёбад. Футболбози дастаи "Зенит” Далер Кузяев, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар тими миллии Русия бозӣ кард, фарзанди зодагони Тоҷикистон аст, вале худаш дар Русия ба дунё омадааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон