МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН ФАЙЗУЛЛОЕВ ДАР АРГЕНТИНА

Бежан Файзуллоев, тирандози ҷавони тоҷик дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 6 то 18 октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор мегардад, соҳиби медали нуқра шуд. Бежан Файзуллоев рӯзи 12 октябр дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати дастаи омехта, ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер ҷои дуюмро ба даст овард.

Ду рӯз пеш аз ин, медали нахустинро бо ишғоли ҷойи сеюм Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи "Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди ба даст оварда буд.

<iframe id="aswift_1" name="aswift_1" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Бояд гуфт, ки дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 18-уми октябр мубориза мебаранд.

Ин комёбии тирандози навраси тоҷикро метавон таърихӣ унвон кард, зеро дар ин намуди варзиш дастоварди назаррасро намояндагони кишвари мо то ҳанӯз моли худ накарда буданд. Шореҳони варзиш дар чунин як мусобиқоти бузург, ки миёни 206 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, соҳиби медали нуқра шудани Бежан Файзуллоевробоиси ифтихори Тоҷикистон меноманд.

ТВ «Варзиш» ин дастоварди Бежан Файзуллоевро ба қаҳрамони асотирии «Шоҳнома» и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ Ораш монанд карда, ӯро «Ораши навхостаи тоҷик» номид. Чунки ин дастоварди Бежан иштиёқу муҳаббатро ба ин риштаи варзиш на танҳо дар миёни ҳамсолонаш, балки дар байни намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бармеангезад: „Ёдовар мешавем, ки Ораш ҳамчун камонвари қаҳрамони асотирӣ дар достонҳои "Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ситуда шудааст. Бежанро бо эътино ба ин корномаи қаҳрамононааш метавон меросбари Ораши дастон шумурд."

<iframe id="aswift_2" name="aswift_2" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Бежан Файзуллоев фарзанди Беҳзод Файзуллоев, роҳбари ширкати "Вавилон” ва набераи шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Файзулло мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон