БУТСИҲОИ КАНДА ВА ОБ БО САТИЛ: БЕЧОРАГИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “ЗАРАФШОН”

"Чандин сол аст, ки дар тими "Зарафшон” бозӣ мекунам, вале боре ҳам касе ба ман на либос додааст ва на пойпӯши варзишӣ. Бо ҳамин бутсии кӯҳнаам, ки чандин ҷояш дарбеҳ карда шудааст, аз ноилоҷӣ бозӣ мекунам. Моро таъна мезананд, ки ягон бор ғалаба намекунед, аммо боре ҳам ягон масъулин намегӯянд, ки чӣ ҳол доред, ба шумо чӣ лозим аст, чӣ намерасад? Ақалан дар бозиҳо бароямон об намеоранд, обро аз сатил менӯшем...”

 

Дастаи футболи "Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, дар зиёда аз 10 вохӯрии охир бо дигар дастаҳои футболи мамлакат дар Лигаи якум, ягон маротиба ғалаба ба даст наовардааcт. Айни замон дастаи мазкур дар ҷадвали мусобиқот байни дастаҳои Лиаи якум, дар ҷои охир қарор дорад.

Масъулини даста мегӯянд, воқеъан чаро, заводи алюминиум дастаи "Регар ТадАЗ”-ро, фурудгоҳи Хуҷанд дастаи "Парвоз”-ро, "Барқи Тоҷик” дастаи ”Энергетик” ва дигар корхонаҳо дастаҳои алоҳидаро сарпарастӣ мекунанду КМ "Зарафшон” дастаи моро дастгириву сарпарастӣ намекунаду ба дастаи "Хуҷанд” кӯмак мерасонидааст?

Дастаи футболи "Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент, ягона дастаи футбол дар водии Зарафшон аст, ки дар Лигаи якуми мамлакат оид ба футбол бозӣ мекунад. Ин даста охирон маротиба соли 2011 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буд, аммо он замон ҳам дучори мушкили молӣ шуда, базӯр як сол дар Лигаи олӣ бозӣ кард ва бо ҳамин дигар ин даста натавонист Панҷакентро дар Лигаи олӣ намояндагӣ кунад.

Тибқи маълумоти як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент, чанде пеш намояндагони Федератсияи футбол ба Панҷакент омада масъалаи ин дастаро баррасӣ кардаанд. Дар ин вохӯрӣ Федератсияи футбол ваъда додааст, ки дастаи "Зарафшон”-ро дастгирӣ хоҳад кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон