РИШИ СИЁСӢ: ПУШТИБОНИИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ АЗ ФУТБОЛБОЗИ СОБИҚ ПАРВИЗ ТУРСУНОВ

Се созмони ҳомии ҳуқуқи инсон - Human Rights Watch, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – аз Беларус хостаанд, ки футболбози собиқи тоҷик Парвиз Турсуновро ба Тоҷикистон насупорад. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, Турсунов дар Тоҷикистон метавонад ба шиканҷа рӯбарӯ шавад. Парвиз Турсунов, ки ҳамроҳи оилааш мехост ба Аврупо паноҳанда шавад, рӯзи 18 сентябр дар фурудгоҳи Минск дастгир шуд. Ҳимоятгари собиқи дастаи "Хайр”-и Ваҳдат, ки бо риши дарозаш машҳур буд, дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ айбдор мешавад.

Се созмони ҳомии ҳуқуқи инсон - Human Rights Watch, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – дар як изҳороти муштарак, ки дар сомонаи Human Rights Watch нашр шудааст, аз мақомоти Беларус даъват карданд, то аз истирдоди футболбози собиқи тоҷик Парвиз Турсунов ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, Парвиз Турсунов дар сурати истирдодаш дар Тоҷикистон метавонад ба шиканҷа ва навъҳои дигари бадрафторӣ рӯбарӯ шавад.

<iframe id="aswift_1" name="aswift_1" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд: "Таъқиби давомдор ва бераҳмонаи диндорон дар Тоҷикистон шаклҳои торафт бемаъниеро касб мекунад ва инсонро метавонанд ҳатто барои риш гузоштан ба ифротгароӣ айбдор кунанд. Беларус ӯҳдадор аст, то Парвиз Турсуновро ба кишваре, ба мисли Тоҷикистон, ки онҷо метавонад ба шиканҷаву бадрафторӣ дучор шавад, насупорад. Ва Беларус бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиашро риоя кунад.”

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ низ аз Беларус даъват кард, то аз истирдоди Парвиз Турсунов худдорӣ кунад: "Намояндагони мухолифин, вакилони мудофеъ, журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқ кайҳо боз ба ҳадафи таъқиби ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Онки мақомот дар пайи таъқиби варзишгарон барои гузоштани риш шудаанд, ба таври боз ҳам рӯшантар нишон медиҳад, ки ин таъқибот чӣ қадар бераҳмона ва бемаънӣ шудааст.”

 

Belarus: Tajik Soccer Player Faces Extradition

 

Дар изҳороти се созмон гуфта мешавад, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон дар чорчӯби маъракаи густардаи таъқиби диндорони мустақиле, ки фароизи мазҳабиро дар доираи берун аз назорати давлат анҷом медиҳанд, амалан гузоштани ришро барои мардон ва пӯшидани ҳиҷобро барои занон манъ кардааст. Парвиз Турсуновро пайрави ҷараёни ифротии Салафия номида, мақомот ба зидди ӯ бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ” парванда оғоз кардаанд, ки ба ақидаи ҳрмиёни ҳуқуқ, ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Парвиз Турсунов, ки ҳоло 43 сол дорад, ҳимоятгари дастаи "Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд. Моҳи апрели соли 2011 сармураббии даста Тоҳир Мӯъминов ба Турсунов гуфт, ки ӯро аз даста ихроҷ мекунанд, чунки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намехоҳанд, ки ин футболбоз бо риши мисли риши мулло ба майдон барояд.”

<iframe id="aswift_2" name="aswift_2" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Парвиз Турсунов он замон гуфт, ки агар интихоб байни риш ва бозии футбол бошад, ӯ ришро интихоб мекунад ва омода аст тарки футбол кунад. Ин қазия дар сархатти ахбори расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва билохира ба Парвиз Турсунов иҷозат доданд, ки ба футболбозӣ идома диҳад. Вале баъди чанде, вақте вазъият ором шуд, ӯро аз дастаи "Хайр” ронданд.

Парвиз Турсунов баъди ин бо аҳли оилааш ба Имороти Араб ва сипас ба Туркия рафта, чанд сол дар он ду кишвар соҳибкорӣ кард. Рӯзи 18 сентябр ӯ бо зану 4 фарзандаш аз Истанбул тавассути Одесса ба шаҳри Минск чиптаи парвоз гирифтанд ва мехостанд дар ягон кишвари Аврупо паноҳанда шаванд.

Аммо дар фурудгоҳи Минск ҳангоми гузаштан аз хатти марз Парвиз Турсуновро ба ин далел, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дастгир карданд. Зану фарзандони ӯро баъди се рӯз ба Украина фиристоданд, вале худи варзишгар инак қариб як моҳ боз мунтазири баррасии парвандаи истирдодаш аз ҷониби мақомоти Беларус аст.

Додситонии кулли Беларус гуфт, онҳо мунтазири асноди мақомоти Тоҷикистон бо дархости расмии Парвиз Турсунов мебошанд. Дар Тоҷикистон ба зидди ӯ бар асоси ду иловаи моддаи 307 бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ ва ташкили ҷамъияти ифротӣ парванда оғоз кардаанд. Моддаи 307 маъмулан барои парвандаҳои ангезаҳояшон сиёсӣ истифода мешавад.

<iframe id="aswift_3" name="aswift_3" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Дар соли 2010, вақте пеши Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё футбол, ё риш!, ӯ дар посух гуфт, ки футбол моли дунёст ва риш – суннати Паёмбар.

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Қурбонов дар як сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, шавҳари ӯ намозхон буд, вале дар фаъолиятҳои сиёсӣ даст надошт: "Парвиз мазҳабӣ буд, риш мемонд, намозашро мехонд, вале ҳеҷ гоҳ ба сиёсат кор надошт ва дар ягон ҷо лаб ба танқиди ҳукумат накушодааст. Мазҳабӣ буд, вале сиёсӣ набуд. Ман, ростӣ, намедонам, ки барои чӣ моро ин қадар азоб медиҳанд?”

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон