расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Парлумон теъдоди озмоишҳои анҷомшудаи коронавирус дар Тоҷикистонро гуфт: 173 ҳазору 325

. / Сиёсат

Парлумон теъдоди озмоишҳои анҷомшудаи коронавирус дар Тоҷикистонро гуфт: 173 ҳазору 325

Вакилон масъалаи пешгирӣ аз коронавирус ва истеҳсоли доруворӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд

Сурат: Радиои Озодӣ
Ин нукта дар муҳокимаи порлумоние, ки вакилони Малиси намояндагон бо ширкати муовинини вазири тандурустӣ ва иқтисоду рушди савдо доир кардаанд, садо додааст. Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон  вакилон дар як соати порлумонии вижа мавзуъҳои пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таҳлили вазъи рушди истеҳсоли доруворӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии кишвар дар ин муҳокимаи порлумонӣ гуфтааст, ки  то 16-уми октябри соли 2020 дар кишвар 173 ҳазору 325 озмоиш ё тест гузаронида шудааст, ки натиҷаи 10374-тои он мусбат будааст.
Ҳамчунин ин муовини вазир гуфтааст, ки “аз ҳисоби фондҳои захиравӣ барои дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ 12 416 250 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар давоми 3 моҳ иловапулӣ ба музди маош пардохт карда шуд”.
Дар ин муҳокимаи порлумонӣ гуфта шудааст, ки барои машвара ва ёрӣ ба табибони тоҷик дар давраи ҳамагирии коронавирус 15 мутахассис аз Чин, 8 нафар аз Ӯзбекистон, 15 коршиноси Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз Лаҳистон ва 8 вирусолог аз Русия даъват шудаанд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки кишварҳои Русия, Чин, Ӯзбекистон, Эрон, Аморатҳои арабӣ, Кувайт, Озорбойҷон, Афғонистон ва Бонки Рушди Осиёву 46 сомону ширкатҳои дигар бештар аз 390 номгӯйи маводу дастгоҳҳои лозим барои пешгирӣ ва табобати коронавирус бо  маблағи 94 миллиону 182 ҳазору  171 сомонӣ ёрии башардӯстона ворид гардидааст.
Дар порлумон ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ин давра  ин маблағҳо ва ёриҳо ба тоҷикистон ворид шудааст:
“Аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағи 11,3 млн. доллари ИМА барои таъсиси шўъбаҳои табобати интенсивӣ ва пардохти кўмакҳои унвонӣ, аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағи 1 миллиону 982 ҳазор доллари ИМА барои маводҳои худмуҳофизатии шахсӣ, аз тарафи Бонки исломии рушд маблағи 350 000 доллари ИМА барои маводҳои худмуҳофизатии шахсӣ, аз тарафи Хазинаи глобалии мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа барои харидории тестҳо, маводҳои сарфшаванда барои ташхисгоҳҳо ва таҷҳизоти ташхисӣ, аз тарафи Бонки олмонии рушд барои харидории дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ ва маводҳои худмуҳофизатӣ ба маблағи 1 миллион евро, аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид маблағи 300 000 доллари амрикоӣ барои таъсиси маркази иттилоотии вокуниши фавқулодда ва маводҳои худмуҳофизатӣ, аз тарафи Сафорати Япония дар Тоҷикистон – маводҳои худмуҳофизатӣ ва термосканерҳо, аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия тавассути Роспотребнадзор зиёда аз 40 000 тест, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой – зиёда аз 40 тонн маводҳои худмуҳофизатӣ, тестҳо ва 50 адад дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон - маводҳои доруворӣ ва худмуҳофизатӣ ва аз Ҷумҳурии Ҳиндустон - маводҳои доруворӣ”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.