БА ПЕШ, ШЕРБАЧАҲОИ ТОҶИК, БА СӮИ ФАТҲИ ҚУЛЛАИ ҚАҲРАМОНИИ ОСИЁ!

Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзи 7 октябр дар даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё бо тими Ҷопон вориди рақобат мешавад. Дар мусобиқоти гуруҳӣ рақобати футболбозони тоҷик бо Ҷопон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфта буд ва ба ин маъноест, ки шербачаҳои тоҷик метавонанд аз ин рақобати ниҳоӣ низ бо сари баланд ва рӯи сурх берун биоянд. Ба пеш, шербачаҳо, ба сӯи фатҳи қуллаи охирин!

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки мухлисони тоҷик метавонанд ҷараёни ин бозиро аз як мониторинги бузург дар майдони 800-солагии Маскав дар майдони назди театри опера ва балет тамошо кунанд. Намоиши бозӣ соати 17:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Имрӯз дидаи тамоми мухлисони тоҷик ба сӯи Малайзия дӯхта шудааст. Соати 17:45 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи "Bukit Jalil”-и шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни бозигарони то 16-сола тими Тоҷикистон бо тими Ҷопон (Япония) вориди рақобат мешавад.

Тими Ҷопон пурқувваттарин дастаи футболи қораи Осиё шумурда мешавад. Вале футболбозони тоҷик дар ин мусобиқот нафақат азму иродаи қавӣ барои пирӯзӣ нишон дода, дастаҳои пурқуввате, чун Кореяи шимолӣ ва Кореяи ҷанубиро мағлуб карданд, балки бозии худ бо Ҷопонро дар марҳалаи мусобиқоти гуруҳӣ низ тавонистанд бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом диҳанд.

Ин мусовӣ нишон медиҳад, ки шербачаҳои тоҷик дар сурати намоиши ҳамон азму иродаи қавӣ ва ғайрати бештар қодиранд Ҷопонро низ бизананд ва бори аввал дар таърихи Тоҷикистон тоҷи қаҳрамони футболи Осиёро ба сар кунанд.

Шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ки барои мухлисони имкони тамошои ин рақобат тавассути як мониторинги бузургро муҳайё сохтаанд: "Ҷараёни бозии футбол соати 17.45 дақиқа ба вақти Душанбе тавассути монитори калон дар Майдони 800 солагии Москва – назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мустақиман пахш карда мешавад.

Марҳамат ба тамошои футбол!

Ба шогирдони Зайниддин Раҳимов дар ин бозӣ азму қуввати рустамона ва фақат пирӯзӣ орзу мекунем! Ба пеш, шербачаҳои тоҷик, ба сӯи фатҳи охирин қулла ва ба даст овардани унвони қаҳрамони футболи қитъаи Осиё!

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон