ПИРӮЗИИ БЕЧУНУЧАРОИ ҲАБИБ БАР МАКГРЕГОР (ВИДЕО)

Варзишгари доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов дар Лас-Вегас рақиби баддаҳонаш Конор МакГрегоррошикаст дод ва унвони қаҳрамони ҷаҳон дар муҳорибаҳои бидуни қоида дар вазни сабукро пеши худ нигоҳ дошт. Бартарии Ҳабиб Нурмагомедов дар тӯли ин набарди сол рӯшан эҳсос мешуд: Ӯ дар даври дуюм Макгрегорро ба нокдаун фиристод ва дар даври чорум дар партер чунон тангу нафасгираш кард, ки варзишгари ирландии пурвоҳима ба мағлубият тан дод.

 

Рақобати деринтизори Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор МакГрегор дар толори "Т-Мобайл Арена” дар шаҳри Лас-Вегаси Амрикоро аз ибтидо набарди сол унвон мекарданд.

Баёнияҳои тунди Конор МакГрегор, ки ба Ҳабиб Нурмагомедов дар нишасти хабариашон суханҳои таҳқиромезеро раво дид ва ҳангоми баркашидани вазн ба ӯ ҳамла карда, чанд бор кӯшиши бо мушту шатта задани Ҳабибро кард, ба оташи ҳангомаҳои дар тарофи ин набард равғани бештар мерехт.

Аммо тавре дар ниҳоят маълум шуд ва тавре мухлисони Ҳабиб мегуфтанд, МакГрегор ба ҷуз аз воҳима чизе дар бисот надоштааст.

Дар даври аввал,ки одатан даври асосӣ ва ҳалкунанда дар набардҳои МакГрегор шумурда мешавад, варзишгари доғистонӣ тавонист ҳама кӯшишҳои ҳамлаи рақиби ирландиашро хунсо кунад ва алакай дар даври дуюм ӯро ба нокдаун фиристад. Даври сеюм низ бо бартарии комили Нурмагомедов анҷом ёфт ва дар даври чорум ӯ тавонист МакГрегорро алакай дар нуқтаи худ, яъне дар партер танг ва чунон нафасгир кунад, ки ӯ ба мағлубият тан дод.

Пирӯзии Ҳабиб Нурмагомедов мавҷи қаҳру ғазаби мухлисони МакГрегорро ба бор овард. Суханони таҳқиромези ин мухлисон, бахусус дашноми падару модари Ҳабиб ва дини Ислом боис шуд, ки Нурмагомедов майдонро тарк кунад. Вале ҳамчун пирӯз.

Бино ба ҳисобҳо, Ҳабиб Нурмагомедов барои ин бозӣ ҷамъулҷамъ 11 миллион доллар ба даст меорад. МакГрегор боз ҳам бештар. Ташкилкунандагони набарди сол танҳо аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо 17 миллион доллар ҷамъ кардаанд. Ин бидуни ҳисоби ҳаққи фурӯши намоиши бозӣ ва рекламаву даромадҳои дигар.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон