расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Истаравшан: Мард ҳамсарашро кушту худро захмӣ намуд

. / Ҳаводис

Истаравшан: Мард ҳамсарашро кушту худро захмӣ намуд

Ин мард ҳоло дар беморхона бистарист


Марди 30 сола дар Истаравшан ҳангоми муноқишаи оилавӣ ҳамсарашро бо корд ба ҳалокат расонида, баъдан худро захмӣ намудааст.
Бино ба иттилои ВКД рӯзи 10-уми октябр марди 30-солаи сокини деҳаи Қадамҷои шаҳри Истаравшан дар хонааш бо ҳамсараш зани 28-сола, муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба гарданаш задааст. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас, номбурда бо мақсади худро аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд гардани худро бурида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаи 104 (одамкушӣ) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.