«Тӯби тиллоӣ» — 2016-ро кӣ мегирад: Месси ё Роналду?

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати се номзадро барои унвони беҳтарин бозигари ҷаҳон дар соли 2016 эълон кард. Ба қатори довталабон Лионел Мессии аргентинӣ, Криштиану Роналдуи португалӣ ва Антуан Гризманни фаронсавӣ дохил шуданд.
Лионел Месси имсол дар ҳайати «Барселона» чемпион ва барандаи Ҷоми Испания гардидааст. Роналду дар ҳайати мунтахаби Португалия чемпиони Аврупо, инчунин дар ҳайати “Реал” ғолиби Лигаи чемпионҳо шудааст. Гризманн бошад, дар ҳайати “Атлетико” то финали Лигаи чемпионҳо ва дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба финали чемпионати Аврупо роҳ ёфтааст.
ФИФА беҳтарин бозигари солро дар маросими ботантана рӯзи 9-уми январи соли 2017 дар Сюрихи Швейтсария эълон хоҳад кард.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон