Меҳрубон Сангинов боз як даъвати муштзани мексикоиро пазируфт

Меҳрубон Сангинов, акс аз бойгонӣ

Сабқати варзишкори тоҷик бо Хорхе Риос 21 июли соли равон дар шаҳри Тихуани Мексика баргузор гардида, тариқи телевизиони мексикоӣ «Televisa» соати 7:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 ба вақти Душанбе) мустақиман пахш хоҳад шуд

 Муштзани номии тоҷик Меҳрубон Сангинов даъвати ҳарифи мексикоиаш Хорхе Риосро ба муҳориба қабул кард, хабар медиҳад Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, варзишкори мексикоӣ Хорхе Риос Меҳрубон Сангиновро ба сабқат даъват кардааст.
Гуфта мешавад, муҳориба дар шаҳри Тихуани Мексика шаҳри Тихуани Мексика, 21 июл баршузор мешавад. Айни замон, Сангинов дар Лас-Вегас ба ин сабқат омодагӣ медидааст.

Худи муштзани тоҷик гуфтааст, ки ба пирӯзӣ дар ин сабқат боварӣ дорад.

Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Роҳбари Федератсияи бокси Душанбе аст. Дар риштаи бокси касбӣ баромад мекунад. Дар ҳайати дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваффақона иштирок кардааст. Меҳрубон қаблан футболбоз буд ва дар ҳайати дастаи Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва ҳатто дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баромад кардааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон