Қодиров гуфт, Салоҳ ваъдаи бозгашт ба Чеченистонро додааст

Муҳаммад Салоҳ, акс аз бойгонӣ

Футболбози мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ Чеченистонро хело писандид ва ӯ мехоҳад боз ба ин кишвар бар гардид

 Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки футболбози мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ ваъда дода буд, ки пас аз бозиҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба Чеченистон боз меҳмон мешавад.

Ба суолои он, ки оё Қодиров Салоҳро даъват карда буд, посухи мусбӣ дод.

"Даъват кардаам. Лекин ин бор на. Вай гуфт, ки ҳатман бори дигар ба кишвар меҳмон мешавад. Ҳоло ҷоми ҷаҳон идома дорад ва онҳо ҳуқуқ надоранд. Гуфт, ки кишвар ба вай хело писанд омад ва ӯ боз барои чанд рӯз ба Чеченистон меҳмон мешавад. Ин гуфтаҳои ӯст", — гуфт Қодиров.

Мунтахаби Миср, ки се бозиро бохт, дар рафти ҷоми ҷаҳон дар Чеченистон мустақар шуда буд.

Қодиров 22 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки фармонеро дар бораи шаҳрванди фахрии Чеченистон шудани Муҳаммад Салоҳ ба тавсиб расонидааст.
Пештар Салоҳ пас аз шикаст аз тими Арабистони Саудӣ дар давраи бозиҳои гурӯҳӣ узрхоҳӣ карда буд.

Бояд қайд кард, ки Салоҳ дар бозии даври гурӯҳии ҷоми ҷаҳон бо тими Арабистони Саудӣ футболбози мусобиқа эълон шуда буд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон